Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни сел дар Тоҷикистон ба 7 нафар расид. АКС/ВИДЕО


Шаҳри Кӯлоб, 11 май, 2021.
Шаҳри Кӯлоб, 11 май, 2021.

Бар асари селу обхезии рӯзи 11-уми май дар манотиқи Тоҷикистон 7 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи дафтари матбуот, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазир Қоҳир Расулзода, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаро барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба Кӯлоб, Мӯъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин фиристодааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумита шаби 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи селу обхезии имрӯз дар умум 7 нафар ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, се нафар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ду нафари дигар дар шаҳри Кӯлоб дар дохили мошини сабукрав ба ҳалокат расиданд. Ҷасади як нафари дигар аз дохили маҷрои селоба аз шаҳри Кӯлоб дарёфт шудааст. Дар шаҳри Ҳисор низ як нафар ба ҳалокат расидааст. Ӯ афзуд, омори ҳалокати 7 нафар маълумоти пешакӣ аст ва имкони тағйир ёфтани он вуҷуд дорад.

Дар бораи шахсияти фавтидагон ҳанӯз маълумоти зиёд дастрас нест. Мақомот танҳо дар бораи як сокини ҳалокшудаи шаҳри Ҳисор гуфтанд, ӯ чӯпон буда, дар вақти омадани сел об ӯро бурдааст.

Боронҳои сахт ва давомдор имрӯз, 11-уми май сабаби сарозер шудани сел дар бисёре аз навоҳии вилояти Хатлон шуд. Бештари харобиҳо дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба қайд гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин се узви як хонавода дар сел ғарқ шудаанд.

Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 11-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз се нафари дар селоб афтода, ҷасади як нафар пайдо шудааст. "Ин се нафар аъзои як хонавода ҳастанд, ки ҳангоми бо мошин гузаштан сел онҳоро бурдааст. Ҷасади кӯдаки ин хонавода пайдо шудааст ва аз ду нафари дигар ҳанӯз нишоне нест",- гуфт ӯ.

Ин се нафар аз бошандагони ҷамоати Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин будаанд. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб, вазъ дар ин шаҳр бисёр ҷиддӣ буда, обхезӣ роҳи Кӯлоб ба самти Душанберо бастааст.

Навори хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Кӯлоб.

Навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъият дар шаҳр вазнин аст ва наздики 80 макони зарарёфтаро ба қайд гирифтанд. Навбатдор фавти ягон нафарро то ин дам тасдиқ накард, вале гуфт, мардуми шаҳр аз хонаҳояшон баромадаанд.

"Сел тақрибан 1,5-2 соат пеш оғоз шуд. Ин сел аз якҷо не, аз чанд ҷо аз куҳу пушта омадагӣ аст. Чанд ҷойро задааст. Ҳозир борон давом дорад, сел рафта истодааст, даруни шаҳр садамавӣ аст. Наҷотдиҳандагон аз пайи наҷоти мардум ҳастанд. Кадом шаҳрвандоне ки занг мезананд, кӯдак мондагӣ аст, ба ёрӣ рафта истодаанд. Хонаву дарро монда, одамонро наҷот дода истодаанд,"-гуфт навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар минтақаи Кӯлоб.

Сокинон мегӯянд, пас аз сели пуршиддате, ки соли 2010 дар Кӯлоб омада буд, шоҳиди чунин офате нашуда буданд. Шаби 6-ум ва 7 -уми майи соли 2010 дар шҳари Кӯлоб селоби азиме омада боиси тахриби даҳҳо хона ва ҳалокати сокинон шуд. Дар пайи ин селоб 9 нафар кушта ва 38 нафари дигар бедарак шуданд. Аммо Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон шумораи кушташудагонро 15 нафар гуфта буд.

Бар асоси наворҳое ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, як обхезии дигар дар ноҳияи Хуросон рӯй додааст. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки сел роҳи Хуросонро вайрон кардааст.

Сел дар минтақаи Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG