Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати амрикоӣ гуфт, омодагиҳо ба мулоқоти Байден ва Путин идома дорад


Акси сохташудаи президентони ИМА ва Русия - Ҷо Байден ва Владимир Путин
Акси сохташудаи президентони ИМА ва Русия - Ҷо Байден ва Владимир Путин

Сафири халъи силоҳи ИМА гуфт, ки барои ташкили мулоқоти президентони ИМА ва Русия корҳои омодагӣ ҷараён дорад. Роберт Вуд дар як конфросни СММ рӯзи 11-уми май гуфт, ки Ҷо Байден ва Владимир Путин ба мувофиқа расиданд, ки мавзӯи эътидоли стратегиро дар робита бо созиши назорати силоҳ ва чолишҳои амниятӣ баррасӣ мекунанд. Ӯ гуфт, ки корҳои омодагӣ ба ин мулоқот идома дорад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, ки 11-уми май дар Боку буд, тасдиқ кард, ки Маскав пешниҳод кардааст дар дидори ду раҳбар мавзӯи назорати силоҳ ва масоили амниятӣ баррасӣ шаванд. Ӯ гуфт, ки Маскав интизори посухи Вашингтон дар заминаи ҷузъиёти ин мулоқот мебошад. Байден қаблан гуфта буд, ки интизор дорад моҳи июн дар Аврупо бо ҳамтои русаш дидор хоҳад кард. Пешниҳоди Байден ба Путин ин буд, ки дар қаламрави як кишвари сеюм масоили марбут ба афзоиши таниш дар равобити ду кишвар сари мавзӯи таҳдиди низомӣ ба Украина, ҳамлаҳои рахнагарони эҳтимолии рус ва бархӯрди мақомоти рус ба раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний баррасӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG