Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳои Чикаго дар бораи низои марзӣ ба СММ муроҷиат кардаанд


Ҳамоиши эътирозӣ дар Чикаго
Ҳамоиши эътирозӣ дар Чикаго

Қирғизистониҳои муқими шаҳри Чикагои Амрико рӯзи 9-уми май ҳамоиши эътирозиеро баргузор карданд. Онҳо аз Созмони Милали Муттаҳид даъват карданд, ки дар робита ба низои ахири марзии Қирғизистону Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои амният баргузор шавад.

Дар ҳамоиш ҳудуди 30 қирғизистонӣ иштирок карда, дар даст шиорҳои даъват ба сулҳу қатъи таҷовузкориро доштанд. Иштирокдорон ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалӣ даъват карданд, ки ба осебдидагони ҳаводиси ахири марзӣ кумак расонанд.

Қирғизистониҳои муқими Куриёи Ҷанубӣ низ 10-уми май дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул ҷамъ шуда, эътироз карданд.

Аз ин пеш, қирғизистониҳои муқими Олмон, Итолиё, Швейтсария, Бритониё, Канада ва Иёлоти Муттаҳида низ чунин ҳамоишҳо баргузор карда буданд.

Рӯзҳои 5-9-уми май дар шаҳри Уши Қирғизистон ҷаласаи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди масъалаҳои марзӣ баргузор шуд. Ҷонибҳо бо имзои санаде ба созиш расиданд, ки ҷаласаи навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад.

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодисаҳо 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шудааст. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушоданд.

XS
SM
MD
LG