Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Толибон оташбаси серӯза эълон кард


Неруҳои амниятии афғон ва Толибон. Акс аз бойгонӣ.
Неруҳои амниятии афғон ва Толибон. Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳи Толибон ба муносибати Иди Фитр се руз оташбас эълом кард. Ҳукумати Афғонистон аз эълони оташбаси серузаи Толибон истиқбол кардааст. Иди Фитр дар Афғонистон ва аксари кишварҳои исломӣ рӯзи панҷшанбеи 13-уми май таҷлил мешавад.

Муҳаммад Наъим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар рӯзи 9-уми май бо нашри як баёния эълом кард, ки ба ҷанҷӯёни ин гурӯҳ дастур дода шудааст, ки дар се рӯзи Иди Фитр ҳамлаҳояшон ба нерӯҳои амниятии афғонро дар саросари кишвар қатъ кунанд.

Дар ин эъломия омадааст, ки дар сурати ҳамла ба ҷангҷӯёни Толибон, ин гурӯҳ аз худ дифоъ хоҳад кард. Эъломияи Толибон ҳамчунин афзудааст, ки ду тараф дар ин се рӯз ба минтақаҳои таҳти назорати ҳамдигар иҷозаи рафту омад нахоҳанд дошт.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон то ба ҳол ин эълони Толибон вокуниш нишон надодааст. Аммо Шӯрои олии мусолиҳаи миллии он кишвар, ки дар раъси он Абдуллоҳ Абдулоҳ қарор дорад, аз ин тасмими Толибон истиқбол кардааст.

Сухангӯи ин Шӯро дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, "бо вуҷуде, ки ин эълон дар остонаи мотами миллӣ ва баъд аз даст додани шуморе аз ҳамватанони бегуноҳамон сурат мегирад, аммо барои наҷоти зиндагии инсонҳои дигари ин сарзамин, иқдоми хуб ва сутуданӣ аст".

Бар асари бомбгузории рӯзи 8-уми май дар як мактаби духтарона дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул камаш 50 кас кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Аксари қурбониён духтарони аз 11 то 15-сола ҳастанд. Ҳукумати Афғонистон рӯзи сешанбеи 11-уми майро мотами умумӣ эълон кардааст.

Қабл аз ин ҳам тарафҳои даргири ҷанг дар Афғонистон рӯзҳои ид аз қатъи ҷанг хабар дода буданд ва баъдан якдигарро ба нақзи он муттаҳам карданд.

Дар Иди Фитри соли 2019 Толибон расман оташбаси серӯза эълон карданд, ки дар натиҷа ҷангҷӯни ин гурӯҳ ба шаҳри Кобул омаданд ва ҳамчунин нерӯҳои амниятии афғон дар минтақаҳои зери назорати ин гурӯҳ рафтанд ва идро онҷо таҷлил карданд.

Моҳҳои охир дар Афғонистон мизони хушунатҳо миёни ду тараф, ки айни замон, гуфтугӯҳои сулҳро барои хатми низоъҳои 20-сола идома медиҳанд, афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG