Кормандони Вазорати адлияи Амрико дар давраи президент Доналд Трамп суҳбатҳои телефонии рӯзноманигорони нашрияи Washington Post-ро пинҳонӣ гӯш кардаанд. Дар тӯли се моҳи соли 2017 гуфтугӯҳои се хабарнигор сабт шудааст. Дар мақолаи Washington Post омадааст, ки сабти ғайриқонунии суҳбатҳо ба гузоришҳо дар бораи нақши Русия дар маъракаи интихоботи президентии соли 2016 рабт дошт. Дар он интихобот Доналд Трамп бар рақиби демократаш Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд. Рӯзнома аз ин гуна истифодаи ваколатҳои ҳукумат изҳори нигаронӣ кардааст. Вазорати адлияи Амрико амали кормандони худро дар соли 2017 “сафед” намуд. Бори аввал нест, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба гӯш кардани суҳбатҳои гуфтугӯҳои телефонии хабарнигорон муттаҳам мешавад. Барак Обама, президенти пешини Амрико, низ барои чунин амал алайҳи хабарнигорони “Ассошиэйтед Пресс” мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.