Додгоҳи ноҳияи Айнӣ се гумонбар ба куштори Азизбек Раҷабови 18 сола, сокини ҷамоати Урметанро муҷозот кард. Қаблан нафари чоруми ширкатдори ин ҳодиса, ноболиғ Мақсуд Ниёзов дар куштори Раҷабов гунаҳкор эътироф шуда, ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Як корманди додгоҳи ноҳияи Айнӣ рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи ниҳоӣ таҳти раёсати раиси Додгоҳи вилояти Суғд Сафар Қурбониён сурат гирифт ва айбдоршаванда Сарбоз Раҳмонови 21 сола сокини деҳаи Ёвони ҷамоати Урметан, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҷурми куштори Раҷабов 17 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Ба иттилои ин манбаъ, ду гумонбари дигар аз ҷумла Тамкин Раҳмонови 26 сола, сокини ҳамин деҳа ба пардохти 29 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуда, аз толори додгоҳ озод карда шуд. Ҳабибулло Бурҳонови 21 сола яке аз ширкатдорони дигари ин куштор ба “авбошӣ” муҷрим шинохта шуда, ба 3 соли зиндон маҳкум шуд. Додситонии ноҳияи Айнӣ, рӯзи 5-уми май аз додгоҳ дар нисбати Сарбоз Раҳмонов 25 соли зиндон ва дар нисбати ду нафари дигар 4 соли зиндон талаб карда буд. Намояндаи додгоҳи Айнӣ гуфт, афроди норозӣ аз ҳукм то 10 рӯзи дигар метавонанд ба Додгоҳи Олӣ шикоят оранд.
Дар як номаи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нусхаи он рӯзи 22-уми декабри 2020 ба дасти Радиои Озодӣ расида буд, гуфта мешавад, ки пас аз “омӯзишӣ такрории парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳмонов Сарбоз додситонӣ тасмим гирифт бар асоси ҷинояти содирнамудаи ӯ бо моддаи 104 (куштор), қисми 3, банди “в” парвандаи ҷиноятӣ боз кунад”. Ии банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон аз 15 то 25 сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Наздикони Азизбек Раҷабов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ дар нисбати Сарбоз Раҳмонов ҳукми одилона содир кард, вале аз ҷазое, ки додгоҳ ба Ҳабибулло Бурҳонов дод розӣ нестанд ва ба Додгоҳи олӣ бо талаби бозбинии ҳукми ӯ арз хоҳанд кард.
Нурбибӣ Самиева, модари Азизбек Раҷабов рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми сабуке, ки додгоҳ ба Ҳабибулло Бурҳонов таъин кардааст ба хашм омада ба назди ҳукумати ноҳия ва додситонӣ рафтааст.
“Мо медонем, ки сабаби аслии ба марг расидани писари ҷавонам ҳамин Ҳабибулло аст, лекин ӯро ба се сол ҳабси низомаш умумӣ маҳкум кардаанд, ки ҷазои сабук аст, мо розӣ нестем”-, гуфт Самиева.
Дар миёнаҳои моҳи апрел як ноболиғи дигар, Мақсуд Ниёзов, ки дар марги Азизбек айбдор дониста мешуд бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба шаш соли зиндон маҳкум шуд. Аммо наздикони ноболиғи маҳкумшуда мегӯянд, аз шеваи таҳқиқи муфаттишон ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.
Каром Ниёзов, бобои Мақсуд Ниёзов, рӯзи 19-уми апрел гуфта буд, "ҳоло бо вакили мудофеъ санадҳоро тартиб додем ва ният дорем, ки ба зудӣ ба зинаи болоии додгоҳ шикояти кассатсионӣ" барем".
Дар робита ба марги Азизбек Раҷабов, сокини 18-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки соли гузашта дар як занозанӣ дар рӯзи Иди Қурбон маҷруҳ шуда, дар бемористон ҷон дод, чаҳор ҷавон муттаҳам шуда буданд.
Бо гузашти 10 моҳ ҳанӯз мақомот сабаби аслии занозании ҷавононро нагуфтаанд. Танҳо модари Азизбек Раҷабов ва пайвандони дигараш дар суҳбати пешинаи худ бо Радиои Озодӣ ишора карданд, ки ин ҳосили "хусумати байни деҳаҳои Ревад ва Ёвони ноҳияи Айнӣ аст". Занозанӣ дар рӯзи Иди Қурбон, дар деҳаи Ёвони ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, иттифоқ афтод ва сокинон сабаби онро "хусумати ҷавонони ду деҳа" меноманд. Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти доғи ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корду силоҳҳои сард истифода мекунанд ва ба захмӣ шудан ё марги якдигар сабаб мегарданд.