Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар ман забони қирғизиро медонистам".ВИДЕО


Имрӯз ҳар куҷо, ки бингаред, гап дар бораи хунрезӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки барои як дарғот ва ё маркази тақсими об сар зад. Хунрезие, ки мардуми ду кишвар даҳсолаҳо шоҳид нашуда буданд.

Дар низое, ки рӯзи 29-уми апрел байни тоҷикону қирғизҳо бархост, даҳҳо нафар аз ду тараф кушта шуданд ва садҳо нафар захм бардоштанд. Мардуми зиёде дар ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон бехонаву дар монданд. Ҳоло баҳс дар Фейсбуку Инстаграм дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳамин бора аст, ки чаро мардумони ду кишвари ҳамсоя ҷанг карданд, ҷанг бо айби кӣ буд, ки аҳволи мардумро бад кард.

Аммо даъватҳо ба сулҳу дӯстӣ ва ҳарчӣ зудтар поён додан ба кашмакашҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам зиёд, аст. Ду кишвар даҳсолаҳо аст, натавонистаанд, хати сарҳадро бикашанд ва ба дарди сари мардуми ду тараф поён диҳанд, ки гоҳ-гоҳ барои обу замину чарогоҳ даст ба гиребон мешаванд ва ин дафъа кор то инҷо кашид.

"Оҳи мардум мегирад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00


Садҳо шарҳ бо ҳамин мазмун ҳаст ва аввал якеро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем, ки корбаре бо номи “Муроҷиат” гузоштааст: “Ҳукумати Тоҷикистон, шумо агар масъалаи марзро ба фоидаи миллат ҳал накунед, пагоҳ мушкилӣ сари худатон меояд! Ҳамин миллат, ҳамин мардуми оддӣ аст, ҳамин муҳоҷирон аст, ки шумо ҳукмронӣ мекунед.”

Теъдоде аз корбарони дигар сиёсатмадорони ҳарду тарафро гунаҳкори то ба хунрезӣ кашидани ҷанҷолу даъвоҳои лафзӣ ва нооромӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон номида ва гуфтаанд, акнун баъди ин хато онҳо бояд биншинанду роҳи ҳалро ёбанд. Шарҳи корбареро бо номи Хоруғ Погранзастава мехонем, ки дар вебсайти Радиои Озодӣ гузоштааст: "Барои бачаҳои фавтида ва марзбонони ҳарду тараф дуо мекунем. Нодонии сиёсатмадорону генералҳои ду тараф ба хунрезӣ овард ва дар моҳи Рамазон. Таассуфовар ва ғамангез аст, чунки мо ҳамсоя ҳастем ва бояд дар ин замин ҳамроҳ зиндагӣ кунем. Онҳое, ки курсиву рутба доранд, одамонро эҳтиром накарданд."

Шарҳи дигареро аз Манзура, як корбари дигари вебсайти Радиои Озодӣ гирифтем, ки бо муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, ки барои пешгирӣ аз такрори ҷангу хунрезӣ бояд кушиши зиёдтар кунанд, бо Қирғизистон хати марзро бикашанду аломатгузорӣ кунанд. Шарҳаш чунин аст: "Хоҳиш мекунем, масъалаи тақсимоти сарҳад, аломатгузории он зудтар роҳи ҳаллашро ёбад, вагарна оқибаташ аз ин ҳам бадтар мешавад. Беҳтараш шахсони масъул аз кабинетҳои роҳату салқин баромада, роҳи ҳал ҷӯянд. Ба наздикӣ 30-солагии истиқлолро ҷашн мегирем, наход дар 30 сол мо хати сарҳад надошта бошем?"

Теъдоде аз корбарони дигар гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон барои сулҳу амният дар марз бояд ҳарчӣ бештар кушиш кунанд, вале манфиатҳои миллиро аз ёд набаранд. Шарҳи корбареро мехонем, ки худро “Ватандор” муаррифӣ кардааст:

"Ба мо сулҳ ва амният муҳимтар аст, вале маънои онро надорад ки аз заминҳои аҷдодиамон даст кашем. Ман худам ронандаи таксӣ дар Маскав ҳастам ва дар рафти кор бо бародарони қирғиз вомехӯрам ва онҳо низ тарафдори сулҳ ҳастанд. Ман аз мардуми шарифи Тоҷикистон мехоҳам, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои зудтар пайдо кардани роҳи ҳалли масъала кӯшиш намоянд."

Корбарони зиёди дигар гуфтаанд, мардуми оддии ду тараф, ки садсолаҳо дар канори ҳам зиндагӣ карда омадаанд, ҳеч гоҳ тарафдори даъвову кашмакашу хунрезӣ нестанд ва кофист, ки ҳукуматдорон ҳамин хостаи онҳоро ба инобат бигиранду даъвову кашмакашро бас кунанд.

Аз ин миён шарҳи корбареро аз вебсайти Радиои Озодӣ интихоб кардем, ки худро Ҳамсоя муаррифӣ кардааст. Шарҳаш чунин аст: "Ман агар забони қирғизиро медонистам, шарҳамро бо забони қирғизиву тоҷикӣ менавиштам ва ба мансабдорони ҳарду кишвар мегуфтам, ки тоҷикон як масал доранд, хонаи хуб нахар, ҳамсояи хуб бихар. Дар хонаи ҳамсоя ҷанҷол бошад, садои нороҳаткунандааш ба гӯши шумо ҳам мерасад. Хонаи ҳамсоя оташ гирад, ба хонаи шумо ҳам мегузарад. Оҳи мардум мегирад, фақат манфиати худро пеш нагузоред, гузашт кунеду хати марзро кашед, то ки дигар хуни ягон нафар нарезад."

Назари шумо дар бораи ҷанг дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чист? Чӣ кор бояд кард, то тоҷикону қирғизҳо барои обу замину чарогоҳ гиребони ҳамро нагиранду якдигарро накушанд. Дар вебсайти мо нависед ва ё дар видео сабт кунеду ба ҳамин шумора +420 607 900 808 бифристед. Аз ҳар роҳе, ки мехоҳед, Вотсап, Вайбер ва ё Телеграму Имо.

XS
SM
MD
LG