Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден дар рӯзи 10-солагии куштори Бин Лоден хуруҷи нирӯҳоро аз Афғонистон кори дуруст номид


Ҷо Байден, президенти ИМА
Ҷо Байден, президенти ИМА

Президенти ИМА Ҷо Байден дар рӯзи 10-солагии қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден аз тасмимаш дар заминаи берун кардани нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳимоят кард. Дар изҳороти рӯзи 2-юи маи Кохи Сафед омадааст, ки президент гуфтааст, баъди марги раҳбари Ал-Қоида ва дар паи ҷанге, ки тахминан 20 сол идома дошт, дар Афғонистон ҳузури ин гурӯҳ “фавқулодда заъиф шудааст”. Байден гуфт, “мо Бин Лоденро то дари ҷаҳаннам бурдем”. Ӯ гуфт, “мо ба ваъдаи худ дар пеши онҳое, ки азизони худро рӯзи 11 сентябри соли 2001 аз даст доданд, вафо кардем: ҳеҷ гоҳ онҳоеро, ки аз даст додем, фаромӯш намекунем ва ИМА ӯҳдадории худ барои таъмини амнияти мардум ва пешгирӣ аз ҳамлаи навбатиро иҷро мекунад”. Ӯ гуфт, дар остонаи хатми ҷанги дарозмуддати Амрико ва шурӯи хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон, “Ал-Қоида фавқулодда заъиф шудааст”. Дурнамои берун шудани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон суолҳоеро дар заминаи тавонмандии нирӯҳои ин кишвар дар дифоъ аз амнияти ин кишвар эҷод кардааст.

XS
SM
MD
LG