Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни чанде аз қурбониёни муноқишаи марзӣ дар Исфара


Ҷанозаи қурбониёни муноқишаи марзӣ. 30 апрели соли 2021
Ҷанозаи қурбониёни муноқишаи марзӣ. 30 апрели соли 2021

Ҷасади ду сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро, ки ба қавли наздиконашон дар муноқишаи рӯзи 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон ҳалок шудаанд, ба хок супориданд. Маросими дафни онҳо баъд аз зуҳри 30-юми апрел баргузор шуд.

Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимхон Ҳошимзода 26-сола буданд.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 13 ва маҷруҳ шудани 134 нафар хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 8 қурбонии муноқишаро маълум кард.

XS
SM
MD
LG