Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи ҳашт қурбонии Тоҷикистон дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон маълум шуд


Салоҳиддин Гадоев, афсари кушташуда дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон
Салоҳиддин Гадоев, афсари кушташуда дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон

Бо гузашти ду рӯз аз муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз омори захмиёну қурбониёнро эълон накарданд. Бо ин вуҷуд, дар бораи захмӣ шудани даҳҳо нафар ва ҳалокати чанд нафар аз ҷониби Тоҷикистон гузоришҳо мерасад.

Манобеи Радиои Озодӣ то ин лаҳза номи ҳашт қурбонии муноқишаи дирӯзро маълум карданд.

Яке аз қурбониён афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, аст. Вай 28 сол дошта, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Пайвандонаш гуфтанд, баробари сар задани низоъ дар марз ӯро ба Исфара фиристодаанд.

Салоҳиддин Гадоев, хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон, будааст. Ду сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд рафтааст. Ӯ соҳиби рутбаи ҳарбии майор будааст.

Маросими видоъ бо Салоҳиддин Гадоев рӯзи 30-юми апрел дар зодгоҳаш, деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг, баргузор мешавад. Хешовандонаш гуфтанд, афсари кушташуда се фарзанд дошт.

Дар муноқишаи рӯзи 29-уми апрел БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини ҷавони деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, низ кушта шудааст. Яке аз пайвандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтовар Маҳмудов субҳи 29-уми апрел барои обмонӣ ба боғашон рафта будааст. Ӯ бегоҳи дирӯз фавтидааст ва ҷасади ӯро ба хок супориданд.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 30-юми апрел гуфт, рӯзи гузашта ба ҷавони 32-солаи ин ҷамоат, УМЕДҶОН ЮСУФОВ, тир расид ва ӯ ҷон дод. Одинаев гуфт, чанд сокини дигари ҷамоат низ дар тирпаррониҳои шаби гузашта миёни ин деҳаҳои наздимарзии ноҳияҳои Ғафуров Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон чанд сокини Овчӣ-Қалъача захм бардошта, таҳти табобат қарор доранд. Ӯ гуфт, "вазъ таҳти назорат аст ва муътадил ба назар мерасад."

НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, низ дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон рӯзи 29-уми апрел кушта шудааст. Ӯ 28 сол дошта, соҳиби ду фаразанд буда, қарор аст, ҷасадаш соати 12-и имрӯз ба зодгоҳаш оварда, ба воилидон супурда шавад.

Ба иттилои дарёфтӣ, дар ҳодисаи рӯзи 29-уми апрел ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВи 26-сола ва ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДАи 26-сола, сокинони маҳаллаи Навободи Ҷамоати Чоркӯҳ кушта шудаанд.

Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА ва САФАР НАБИЕВ, низ ду сарбози қисми марзбонии Исфара, ҳангоми навбатдорӣ аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи ҷумъа дафн кардаанд.

Ҷустуҷӯ ва санҷиши маълумот дар бораи қурбониёни дигар идома дорад.

Хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли манобеаш дар ҳукумати шаҳри Исфара теъдоди фавтидагонро аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар навиштааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 90 нафар будааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳамагуна маълумот дар бораи теъдоди захмиён ва маҷруҳон худдорӣ мекунад. Хабарнигори Радиои Озодӣ субҳи 30-юми апрел барои гирифтани иттилоъ ба Вазорати тандурустӣ рафт, вале дафтари матбуоти ин ниҳод гуфт, тибқи маълумот то бегоҳи 29-уми апрел дар муноқишаи марзӣ 2 нафар ҷон додаанд.

Масъулини вазорат гуфтанд, иттилои аз ин бештарро аз мақомоти қудратӣ гирем.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ифшои теъдоди маҷруҳон ва қурбониён худдорӣ кард. Аҳмадзода гуфт, аз маҷруҳон дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара хабар гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз ироаи омори қурбониён ва фавтидагон худдорӣ мекунанд, ҷониби Қирғизистон ҳар соат маълумоти навро пахш мекунанд. Тибқи иттилои охир, дар муноқишаи марзӣ 134 нафар аз Қирғизистон захмӣ шуда, 13 нафар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG