Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 АПРЕЛ. Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқишаи хунин. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд


Чакида

  • Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марзи миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон, мақомоти ду кишвар мегӯянд, ки вазъ ҳоло ором аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, баъд аз эълони оташбас дар шаби гузашта, дар ин минтақа садои тирпаронӣ шунида намешавад. Аммо ба навиштаи баъзе хабаргузориҳо, шаби гузашта дар марз миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Бодканди Қирғизистон тирпарониҳои пароканда сурат гирифтааст. Радиои Озодӣ ҳодисаро пайгирӣ дорад ва хабарҳои навро дар зер бихонед:

Қазоқистон аз оғози гуфтушунид миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард

Раиси ҷумҳури Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев, аз хатми муноқишаи мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва оғози гуфтушунид байни намояндагони ду кишвар, истиқбол кардааст.

Дар изҳороти раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки рӯзи 30-юми апрел нашр шуд, ибрози умедворӣ шудааст, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон бо хирадмандӣ метавонанд ҳама масъалаҳои мавриди баҳсро танҳо тариқи мулоиматомез ҳаллу фасл намоянд.

"Дар навбати худ, ман омодаи талош барои ёфтани роҳи ҳалҳои қобили қабул барои ҳар ду тараф ва бозгардонидани эътимоди мутақобил ҳастам", -- омадааст дар баёния.

Узбекистон низ аз тарафҳои даргир хоста буд, барои оддӣ шудани вазъ чораҳои муштарак андешанд. Вазорати умури хориҷии Узбекистон даъват кард, ки Тоҷикистону Қирғизистон мушкилро "бо музокирот ва машварат дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек ва шарикӣ, ки ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ хосанд, ҳал карда шаванд".

Дар навбати худ, Узбекистон ваъда дод, ки метавонад барои ҳарчи зуд ҳал шудани вазъ кумак расонад.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Мақомоти тоҷику қирғиз вазъро дар марз "ором" гуфтанд, расонаҳо аз "тирпарониҳои пароканда" хабар доданд

Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марз миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон, мақомоти ду кишвар мегӯянд, ки вазъ ҳоло ором аст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, баъд аз эълони оташбас дар шаби гузашта, дар ин минтақа садои тирпаронӣ шунида намешавад. Аммо ба навиштаи баъзе аз хабаргузориҳо, шаби гузашта дар марз миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Бодканди Қирғизистон тирпарониҳои пароканда сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, занону кӯдаконро аз деҳаҳои Хоҷа Аъло ва Сомониён ба таври дастҷамъӣ ба ҷойҳои амн мекӯчонанд. Хабарнигори мо мегӯяд, роҳ миёни Исфара ва Ворух расман боз аст, аммо сокинон аз рафтуо дар ин масир хавф доранд. Бо вуҷуди ин, мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" захмиёнеро, ки аз дируз ҳанӯз дар маҳаллаҳо мондаанд, ба беморхонаҳо интиқол медиҳанд.

Мақомот дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҳам вазъро муътадил арзёбӣ карданд ва гуфтанд, ки он таҳти назорат аст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бодканд хабар дод, ки айни замон дар минтақаи наздимарзӣ таҳти назорати комил аст ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ постгоҳҳо таъсис дода, бо аҳолии маҳаллӣ корҳои фаҳмондадӣ мегузаронанд.

"Бо мақсади таъмини амнияти сокинони маҳаллӣ, милитсия дар якҷоягӣ бо ҳайати шахсии Раёсати корҳои дохилии вилоят ва дигар сохторҳои қудратӣ тартиботи ҷамъиятиро тақвият мебахшанд",-омадааст дар хабар.

Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон ҳам рӯзи 30-юми апрел бо нашри як изҳорот гуфт, ки вазъ дар вилояти Бодканд ба эътидол омада, зери назорати президент Содир Ҷабборов қарор дорад. Дар баёнияи дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон омадааст, ки "айни замон ба фиристодани ихтиёриён ба минтақаҳои наздимарзӣ ниёз нест ва даъват мекунад, ки ин кор ба мақомоти дахлдорӣ давлатӣ, ки намояндагони онҳо дар қисмати марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷойгиранд, супорида шавад".

Сироҷиддин Муҳриддин: "Тоҷикистон ҳаргиз аз заминҳое, ки ба он тааллуқ доранд, даст нахоҳад кашид"

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти суҳбати дирӯзаи Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбаевро нашр кард. Ба иттилои ВКХ, тамоси телефонӣ миёни ду вазир дар робита ба вазъи дар марз, бо ибтикори ҷониби қирғизӣ сурат гирифтааст.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Тоҷикистон тарафдори қатъии ҳалли мушкилоти марзӣ аз тариқи музокирот ва даст ёфтан ба созишҳои қонеъкунанда барои ҳарду кишвар мебошад, "аммо ҳаргиз ҷонибдори додани қитъаи замине нест, ки аз қадим моли вай дониста мешавад".

Тибқи ин баёния, ҷонибҳо гуфтаанд, ки беэътимодӣ дар манотиқи марзӣ метавонад боиси даргириҳои нав ва талафот дар миёни сокинони осоиштаи ду кишвар шавад. Ҷонибҳо дар ин суҳбат ба "ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддат ёфтани вазъият мегарданд", ишора кардаанд.

"Омори махфӣ". Дар ҷангҳои марзӣ чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд?

Бо гузашти ду рӯз аз муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз омори захмиёну қурбониёнро эълон накарданд. Бо ин вуҷуд, дар бораи захмӣ шудани даҳҳо нафар ва ҳалокати чанд нафар аз ҷониби Тоҷикистон гузоришҳо мерасад.

Манобеи Радиои Озодӣ то ин лаҳза номи ҳашт қурбонии муноқишаи дирӯзро маълум карданд.

Яке аз қурбониён афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, аст. Вай 28 сол дошта, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Пайвандонаш гуфтанд, баробари сар задани низоъ дар марз ӯро ба Исфара фиристодаанд.

Салоҳиддин Гадоев, хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон, будааст. Ду сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд рафтааст. Ӯ соҳиби рутбаи ҳарбии майор будааст.

Маросими видоъ бо Салоҳиддин Гадоев рӯзи 30-юми апрел дар зодгоҳаш, деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг, баргузор мешавад. Хешовандонаш гуфтанд, афсари кушташуда се фарзанд дошт.

Дар муноқишаи рӯзи 29-уми апрел БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини ҷавони деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, низ кушта шудааст. Яке аз пайвандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтовар Маҳмудов субҳи 29-уми апрел барои обмонӣ ба боғашон рафта будааст. Ӯ бегоҳи дирӯз фавтидааст ва ҷасади ӯро ба хок супориданд.

Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 30-юми апрел гуфт, рӯзи гузашта ба ҷавони 32-солаи ин ҷамоат, УМЕДҶОН ЮСУФОВ, тир расид ва ӯ ҷон дод. Одинаев гуфт, чанд сокини дигари ҷамоат низ дар тирпаррониҳои шаби гузашта миёни ин деҳаҳои наздимарзии ноҳияҳои Ғафуров Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон чанд сокини Овчӣ-Қалъача захм бардошта, таҳти табобат қарор доранд. Ӯ гуфт, "вазъ таҳти назорат аст ва муътадил ба назар мерасад."

НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, низ дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон рӯзи 29-уми апрел кушта шудааст. Ӯ 28 сол дошта, соҳиби ду фаразанд буда, қарор аст, ҷасадаш соати 12-и имрӯз ба зодгоҳаш оварда, ба воилидон супурда шавад.

Ба иттилои дарёфтӣ, дар ҳодисаи рӯзи 29-уми апрел ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВи 26-сола ва ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДАи 26-сола, сокинони маҳаллаи Навободи Ҷамоати Чоркӯҳ кушта шудаанд.

Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА ва САФАР НАБИЕВ, низ ду сарбози қисми марзбонии Исфара, ҳангоми навбатдорӣ аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи ҷумъа дафн кардаанд.

Ҷустуҷӯ ва санҷиши маълумот дар бораи қурбониёни дигар идома дорад.

Хабаргузории “Азия-Плюс” аз қавли манобеаш дар ҳукумати шаҳри Исфара теъдоди фавтидагонро аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар навиштааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 90 нафар будааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳамагуна маълумот дар бораи теъдоди захмиён ва маҷруҳон худдорӣ мекунад. Хабарнигори Радиои Озодӣ субҳи 30-юми апрел барои гирифтани иттилоъ ба Вазорати тандурустӣ рафт, вале дафтари матбуоти ин ниҳод гуфт, тибқи маълумот то бегоҳи 29-уми апрел дар муноқишаи марзӣ 2 нафар ҷон додаанд.

Масъулини вазорат гуфтанд, иттилои аз ин бештарро аз мақомоти қудратӣ гирем.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ифшои теъдоди маҷруҳон ва қурбониён худдорӣ кард. Аҳмадзода гуфт, аз маҷруҳон дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара хабар гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз ироаи омори қурбониён ва фавтидагон худдорӣ мекунанд, ҷониби Қирғизистон ҳар соат маълумоти навро пахш мекунанд. Тибқи иттилои охир, дар муноқишаи марзӣ 134 нафар аз Қирғизистон захмӣ шуда, 13 нафар ҷон бохтаанд.

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳоро бинед (25)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG