Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 АПРЕЛ. Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқишаи хунин. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд

  • Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марзи миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон, мақомоти ду кишвар мегӯянд, ки вазъ ҳоло ором аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, баъд аз эълони оташбас дар шаби гузашта, дар ин минтақа садои тирпаронӣ шунида намешавад. Аммо ба навиштаи баъзе хабаргузориҳо, шаби гузашта дар марз миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Бодканди Қирғизистон тирпарониҳои пароканда сурат гирифтааст. Радиои Озодӣ ҳодисаро пайгирӣ дорад ва хабарҳои навро дар зер бихонед:

Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи марзиро баҳс кард

Раиси ҷумҳурии Узбекистон рӯзи 30-юми апрел бо раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар алоҳидагӣ суҳбат кардааст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев "рӯйдодҳои як рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муҳокима шуд".

Ба иттилои манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Мирзиёев "дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон дар самти рафъи ташаннуҷ дар хатти сарҳад ва ҳалли вазъ бо роҳҳои дипломатӣ" маълумот додаааст.

Дафтари матбуоти президенти Узбекистон хабар дод, ки дар ҳамин рӯз Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, низ "ҳолати кунунӣ ва роҳҳои ҳалли ҳарчи зудтари вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд".

Дар мулоқот аз созиши ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ ва пешгирӣ аз бад шудани вазъ дар оянда ибрози қаноатмандӣ кардаанд. "Таъкид гардид, ки ҳама масъалаҳои баҳсталаб бояд бо муколама ва дар рӯҳияи муносибатҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикӣ ҳал карда шаванд", -- навиштааст сомонаи президенти Узбекистон.

Узбекистон кишвари аввалине буд, ки рӯзи 29-уми апрел ба муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғистон вокуниш кард. Вазорати умури хориҷии он кишвар аз тарафҳои даргир хост, барои оддӣ шудани вазъ чораҳои якҷоя андешанд. Дар навбати худ, Узбекистон ваъда дод, ки метавонад барои ҳарчи зуд ҳал шудани вазъ ёрӣ расонад.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рух дод. Дар натиҷаи он аз ду тараф даҳҳо кас захмӣ ва чандин нафари дигар ҳалок шудаанд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи марги 13 нафар гузориш дод, мақомоти Тоҷикистон дар бораи теъдоди захмиён ва қурбониён иттилоъ намедиҳанд. Радои Озодӣ то ин дам номи 8 қурбониро маълум кард.

СПАД хостори қатъи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шуд

Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) задухурди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро шарҳ дод.

"Дар СПАД бар инанд, ки низоъ бояд қатъ карда шавад. Онро бояд аз роҳи осоишта ҳал кард. Барои ҳалли ин низоъ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешавад", - иқтибос овардааст сухангӯи дабири кулли СПАД Владимир Зайнетдинов аз суханони Зас.

Ба гуфтаи ӯ, дабири кулли СПАД дар ҷараёни сафараш ба Душанбе вазъи ба вуҷуд омадаро бо котибони шӯроҳои амнияти Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ карда буд.

Дар Душанбе 29 апрел ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СПАД ва 27 апрел ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои созмон баргузор шуд.

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки бо ташаббуси Русия амал мекунад, як ташкилоти низомию сиёсӣ аст. Ба ҷуз аз Русия ва Арманистон Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам узви СПАД ҳастанд. Аъзои СПАД вазифадор ҳастанд, ки тамомияти арзӣ ва истиқлоли аъзои дигари созмонро ҳимоят кунанд.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.

Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.

Раиси вилояти Суғд гуфт, "берун овардани нерӯҳо аз марз оғоз шудааст"

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, гуфт, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон "ором аст" ва баровардани нерӯҳо оғоз шудааст. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду рӯзи охир шоҳиди муноқишаи хунин шуд, ки аз ҳарду тараф даҳҳо захмӣ ва кушта боқӣ гузошт.

Аҳмадзода, ки дар шаҳри Исфара қарор дорад, рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "шаби гузашта вазъ ором буд ва ягон ҳодисаи нохуш нашуд." Ҳарчанд баъзе аз сокинон гуфтанд, шаби гузашта тирпарониҳои пароканда шунида шуд.

“Гуфтугӯҳо оғоз шуданд. Комиссияи байни Тоҷикистону Қирғизистон барои баровардани қувваҳо ва аз сар гирифтани равуо ва барқарории сулҳу осоиш барои ду халқ ташкил шудааст”, -- гуфт раиси вилояти Суғд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, занону кӯдаконро аз деҳаҳои Хоҷа Аъло ва Сомониён ба таври дастҷамъӣ ба ҷойҳои амн мекӯчонанд. Хабарнигори мо мегӯяд, роҳ миёни Исфара ва Ворух расман кушода аст, аммо сокинон аз рафтуо дар ин масир хавф доранд. Бо вуҷуди ин, мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" захмиёнеро, ки аз дирӯз дар маҳаллаҳо монда буданд, ба беморхонаҳо интиқол медиҳанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Азия-Плюс" дар ин ҷо барои муддати кӯтоҳ боздошт шуданд ва аз онҳо талаб карда шуд, ки наворҳои худро пок карда, дар бораи кӯчондани аҳолӣ гузориш надиҳанд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле барои баровардани артиш аз марз тавофуқ кардаанд, ки тибқи хабарҳо ҳарду тараф дар наздикии марз нерӯ ҷамъ мекунанд.

Сафорати Русия дар Бишкек: дар ҷангҳои марзӣ шаҳрвандони Русия осеб надидаанд

Сафорати Русия дар Бишкек рӯзи 30-юми апрел изҳорот дод, ки дар даргириҳои байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ягон шаҳрванди Русия осеб надидааст. Аз ин изҳорот ба хабаргузориҳо намояндаи сафорати Русия дар Бишкек Виктор Харченко иттилоъ додааст.

Ин дар ҳолест, ки даҳҳо сокини деҳоти Исфараи Тоҷикистон бар пояи шартномаи душаҳрвандӣ ҳамчунин шаҳрвандии Русияро низ доранд.
"Ҳанӯз ҳеҷ иттилое дар даст нест, ки дар байни қурбониён шаҳрвандони Русия бошанд" гуфт Харченко ба хабаргузории ИТАР-ТАСС. Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, дар қаламрави Қирғизистон даҳҳо ҳазор шаҳрванди Русия зиндагӣ мекунанд.

Кремлин ва Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ягон баёнияи рушан надодааст. Сухангӯи ВКХ Русия рӯзи 29 апрел гуфт, «Маскав дар ҳоли омӯхтани вазъ аст». Ин дар ҳолест, ки Узбекистон, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал аз авзоъ дар марзи байни ду кишвар изҳори нигаронӣ ва тарафҳоро ба хештандорӣ даъват намуданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG