Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House аз “гашти зиддидемократӣ” дар Аврупову Осиёи Марказӣ ҳушдор дод


Дар Тоҷикистон пеш аз вуруди намозгузорон ба масҷид таби ҳар нафар санҷида мешавад
Дар Тоҷикистон пеш аз вуруди намозгузорон ба масҷид таби ҳар нафар санҷида мешавад

Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Freedom House аз як “гашти зиддидемократӣ” дар Аврупову Авруосиё ҳушдор дода гуфтааст, ки раҳбарони интихобшуда дар бисёр кишварҳо ба хотири ҳифзи қудрат ва ҳам пешбурди мудирияти “алтернативии худкома” сохторҳои демократиро ба ҳам мезананд. Гузорише бо номи “Кишварҳои дар ҳоли гузор-2021” бахусус Венгрияву Полшаро ҳамчун намунаи кишварҳои нақзкунандаи ашаддии ин ҳуқуқҳо дар Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст. Дар гузориш омадааст, ки дар ҳардуи ин кишварҳо дар давоми даҳсолаи ахир бадшавии нишондодҳои демократӣ мушоҳида мешавад. Вале гузориш инчунин ҳушдор медиҳад, ки вазъ дар аксар кишварҳое, ки мавриди назари Freedom House будаанд, назар ба даҳ соли пеш бадтар шудааст. Тоҷикистон дар ин гузориш дар гурӯҳи кишварҳои дорои “режими худкомаи устувор” ёд шуда, барои бархӯрд бо COVID-19 ва ҷорӣ кардани муҷозот барои хабарҳои носаҳҳеҳ дар бораи бемориҳои сироятӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG