Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи шӯришие дар марз бо Тайланд урдугоҳи низомиёни Мянмарро ба даст овард


Эътирозгаронро бо гази ашковар пахш мекунанд. 8-уми март, шаҳри Нейпидои Мянмар
Эътирозгаронро бо гази ашковар пахш мекунанд. 8-уми март, шаҳри Нейпидои Мянмар

Як гурӯҳи шӯришии қавмӣ дар Мянмар гуфт, урдугоҳи низомиеро дар шарқи ин кишвар, ки субҳи 27-уми апрел маҳалли задухӯрдҳои бисёр шадид бо артиши ҳукуматӣ буд, таҳти назорати худ даровард. Дар Мянмар моҳи феврал қудратро низомиён ба даст оварданд ва аз он замон то кунун ин кишвар дар як бебандубории сиёсӣ қарор дорад. Маконе, ки задухӯрдҳои 27-уми апрел рух дод, назди дарёи Салвин дар берун аз аёлати Карен дар хати марз бо Тайланд ҷойгир аст. Гузоришҳо аз Тайланд мегӯянд, ки сокинони деҳоти маҳаллӣ садои тиру таркишро аз дохили қаламрави Мянмар шуниданд. Як намояндаи Иттиҳоди миллии Карен бо пахши изҳороте гуфт, “нирӯҳои мо урдугоҳи низомии Мянмарро ба даст оварданд” ва афзуд, ки ин қароргоҳ “оташ зада шуд”. Ҳанӯз артиши Мянмар дар ин бора изҳори назар накардааст.

Низомиён дар як кудатои 1-уми феврал раҳбари мадании Мянмар Аун Сансуҷиро аз мақомаш барканор карда, ӯ ва дигар раҳбаронро ба ҳабс гирифтанд. Баъди ин, даст ба саркӯби эътирозҳои сартосарӣ дар кишвар заданд. Дар наздики се моҳи бебандубориҳо дар Мянмар 750 сокини мулкии ин кишвар кушта шуд. Ҳунта омори аз ин камтарро ба забон меорад ва ҳамаро бори, ба гуфтааш, “шӯришиёни” хушунатзо мекунад. Дар миёни аъзои артиш бархе нирӯҳои маданӣ ҳастанд, ки хостори мухторияти бештар мебошанд ва Иттиҳоди миллии Карен яке аз онҳо ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG