Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноӣ нисбати зане, ки дар куштори кӯдак гумонбар мешавад


Декабри соли 2020 ин зани тоҷик барои куштори фарзандон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд
Декабри соли 2020 ин зани тоҷик барои куштори фарзандон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд

ВКД Тоҷикистон гуфт, додситонии ноҳияи Сино нисбати зане, ки дар куштори кӯдаки 7-сола гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола дар барномаи телевизионии вазорати корҳои дохилӣ нақл кард, ки ба хотири хусумату бадбинӣ писари як хеши шавҳарашро ба қатл расондааст. Маълум нест, ки иқрори гуноҳи ин зан таҳти чӣ шароите гирифта шуда, то куҷо ӯ бо вакили дифоъ таъмин шудааст.

Мақомот гуфтанд, ки куштори кӯдак рӯзи 5 март дар шаҳри Душанбе рух дод ва наздикон билофосила ангушти иттиҳомро ба сӯи Муборак Абдураҳмонова, зани амаки кӯдаки кушташуда баланд карданд. Зани муттаҳам мегӯяд, писрабачаро бо роҳи фиреб ба хона дароварда латтукӯб ва буғӣ намудааст. Баъди куштор зан фирор кардааст ва баъжи ду ҳафтаи ҷустуҷӯ пайдо ва боздошт шуд.

Ҷузъиёти бештар дар даст нест, вале дар оғоз тахмин мерафт, ки эҳтимолан ин зан бемории руҳӣ дорад.

Куштори кӯдак дар қонунҳои Тоҷикистон ҷинояти сангин ба шумор меравад ва то кунун аксар айбдоршудаҳо ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG