Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳурии Чехия ду фарзияи таркиш дар анбори аслиҳаро гуфт


Милош Земан, раиси ҷумҳурии Чехия бо ҳамтои русаш Владимир Путин. Сочи, моҳи ноябри соли 2017
Милош Земан, раиси ҷумҳурии Чехия бо ҳамтои русаш Владимир Путин. Сочи, моҳи ноябри соли 2017

Раиси ҷумҳурии Чехия гуфт, дар мавриди таркиш дар анбори аслиҳаи Врбетитсе (соли 2014), ки ҳоло боис ба ихтилофи шадиди дипломатӣ бо Русия шудааст, ду фарзия вуҷуд дорад ва бояд онҳоро таҳқиқ кард.

Милош Земан рӯзи 25-уми апрел дар паёми телевизионӣ гуфт, як фарзия ин аст, ки Хадамоти ҷосусии Русия дар таркиши маргбор даст дорад. "Фарзияи дигар ин аст, ки таркиш дар натиҷаи истифодаи нодурусти лавозимоти ҷангӣ ба амал омадааст", -- афзуд ӯ.

Президенти наздик ба Маскав эълон кард, "ҳеч далел вуҷуд надорад", ки ду ҷосуси ГРУ, ки дар робита бо гумони даст доштан дар таркиш ҷустуҷӯ мешаванд, дар анбори аслиҳа буданд.

Андрей Бабиш, нахуствазири Ҷумҳурии Чех, рӯзи 17-уми апрели имсол гуфт, муфаттишони амниятии Чехия дар бораи нақши аъзои бахши 29155-и разведкаи ҳарбии Русия дар таркиши анбори силоҳ дар Врбетитсе "далелҳои раднопазир пешниҳод карданд".

Дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа дар соли 2014 дар наздикии марзи Чех ва Словакия ду нафар кушта шуданд.

Дар посух, ҳукумати Чехия ихроҷи 18 дипломати русро, ки аз онҳо ҷосус ном мебаранд, эълон кард.

XS
SM
MD
LG