Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян истеъфо дод, вале то замони интихобот ба кораш идома медиҳад


Никол Пашинян гуфт, дар сурати шикаст қудратро ба ҷойгузинаш месупорад
Никол Пашинян гуфт, дар сурати шикаст қудратро ба ҷойгузинаш месупорад

Сарвазири Арманистон, Никол Пашинян, гуфт, бо ҳадафи баргузории интихоботи пеш аз вақти порлумонӣ истеъфо дод, вале то замони овоздиҳии 20-уми июн ба кабинаи вазирон раҳбарӣ хоҳад кард.

Ӯ рӯзи 25-уми апрел дар паёме телевизионӣ гуфт, дар интихобот аз тарафи Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ" номзад мешавад.

Бино ба Конститутсияи Арманистон, барои пароканда кардани порлумон сарвазир бояд ба истеъфо равад. Дар сурати истеъфои сарвазир, фраксияи порлумонӣ дар муддати ҳафт рӯзи пас аз қабули истеъфои ҳукумат, ҳақ дорад, номзадҳоро ба нахуствазирӣ пешниҳод кунад.

Шӯрои миллӣ сарвазирро бо аксарияти овозҳои шумораи умумии вакилон интихоб мекунад.

Пашинян изҳор дошт, ки номзадии ӯ ба мақоми сарвазири Арманистон дубора пешбарӣ хоҳад шуд: "Дар интихобот Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ" иштирок мекунад. Маро ба мақоми сарвазири Арманистон пешбарӣ мекунанд." Ӯ афзуд, "танҳо мардум тавассути овоздиҳии ҳақиқӣ ва одилона ояндаи кишварро ҳал мекунанд."

Мухолифин барои пурра аз мансаб рафтани Пашинян талош доранд. Рақибони сарвазир хавф доранд, ки интихобот бидуни истеъфои Пашинян одилона нахоҳад шуд, вале ӯ ваъда додааст, ки дар сурати шикаст қудратро ба ҷойгузини худ хоҳад супурд.

Пас аз созиши сулҳ бо Озарбойҷон дар мавриди Қарабоғи Кӯҳӣ, эътирозҳо дар Арманистон аз сар гирифта шуданд. Тибқи ин санад, як қисми қаламравҳои минтақа таҳти назорати Озарбойҷон қарор гирифтанд. Никол Пашинян исрор дорад, ки танҳо бо кумаки чунин созиш ба низои шадид хотима гузоштан мумкин аст.

XS
SM
MD
LG