Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба зидди ниманизомиёни курд амалиёти навро оғоз кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти расмӣ ва расонаҳои Туркия рӯзи 24-уми апрел хабар доданд, ки Анкара ба зидди ниманизомиёни курд дар шимоли Ироқ амалиёти навро оғоз кардааст.

Телевизиони Туркия гузориш дод, ки артиш шаби 23-юми апрел бо ҳавопаймову тӯпхонаҳо ба ҳадафҳои Ҳизби Коргарии Курдистон (ПКК) дар шаҳри марзии Ҳаккарӣ зарба зад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, дар паёме видеоӣ, ки хабаргузории Анадолу нашр кард, ҳадафи ҳамларо "решакан кардани қотилон" номид.

Ӯ гуфтааст, дар пайи зарбаҳо ба пинҳонгоҳҳову ғорҳо "чанде аз террористон нобуд карда шуданд", вале айни замон афзудааст, "Туркия ба тамомияти арзии Ироқ эҳтиром мегузорад."

То ҳол Бағдод ва минтақаи худмухтори курдҳо дар шимоли Ироқ вокуниш накардаанд.

Туркия дар шимоли Ироқ зуд-зуд ҳамлаҳо анҷом медиҳад ва пайваста ҳадафи онро зарба задан ба Ҳизби Коргарии Курдистон (ПКК) номидаст. Туркия, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо Ҳизби Коргарии Курдистонро ҳамчун созмони террористӣ мешиносанд.

Дар даргирии чандинсолаи байни Туркия ва Ҳизби Коргарии Курдистон даҳҳо ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG