Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳинд дар як шабонарӯз 347 000 кас бемор шуда, 2600 кас фавтидаанд


Бемористоне дар Деҳлии Нав, 23-юми апрели 2021
Бемористоне дар Деҳлии Нав, 23-юми апрели 2021

Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, ки дар шабонарӯзи гузашта омори баландтарини гирифторони коронавирусро сабт карданд. Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 24-уми апрел дар ин кишвар наздик ба 347 ҳазор кас бемор шуда, зиёда аз 2 ҳазору 600 кас ҷони худро аз даст доданд. Ҳиндустон беш аз 1 миллиарду 300 миллион аҳолӣ дорад. Аз ин шумора то кунун 16 миллион нафар ба бемории коронавируси нав мубтало шудаанд. Ин кишвар аз рӯйи омори гирифторӣ ба бемории ҳамагир пас аз Иёлоти Муттаҳида дар ҷойи дувум аст.

XS
SM
MD
LG