Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 10 корманди сафорати Амрикоро дар Маскав "персона нон грата" эълон кард


Парчами Амрико дар бинои сафорати ИМА дар Маскав
Парчами Амрико дар бинои сафорати ИМА дар Маскав

Русия даҳ корманди сафорати Амрикоро дар Маскав "персона нон грата" ё шахсони "мамнуъ-ул-вуруд" эълон кард ва, дар посух ба ихроҷи даҳ дипломати рус аз Вашингтон, аз кишвараш берун мекунад.

Ин тасмим чанд рӯз баъди он гирифта шуд, ки Иёлоти Муттаҳида барои мудохилаи Русия ба интихоботи Амрико Маскавро таҳрим кард. Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, рӯзи 21-уми апрел ба муовини сафири Амрико дар Маскав Барт Горман нота супурда шуд ва дар он талаб мешавад, даҳ корманди сафорат то охири рӯзи 21-уми май хоки Русияро тарк кунанд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад, ин тасмим "аксулмамали онҳо ба эълони бедалели шахсони мамнуъ-ул-вуруд будани кормандони сафорат дар Вашингтон ва консулгарӣ дар Ню-Йорк мебошад".

Ҷойгир шудани нирӯҳои Русия дар марз бо Украина, ҳамлаҳои рахнагарон, иддаои Ҷумҳурии Чех дар заминаи ташкили таркиши соли 2014 дар як анбори силоҳ ва ҳабси мунтақиди Кремлин Алексей Навалний, ки пеш аз ин заҳролуд карда шуд, ҳафтаҳои охир равобити миёни Вашингтон ва Маскавро пуртаниш кардааст.

Дар як қароре, ки президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 15-уми апрел имзо кард, аз ихроҷ ва таҳрими даҳҳо шаҳрванди Русия ва ҳам дороиҳои онҳо зикр шудааст. Дар санад омадааст, Иёлоти Муттаҳида Кремлинро барои амалҳои зиддиамрикоиаш ҷавобгар мекунад. Ба илова, Вазорати молияи Амрико болои бозори қарзи Русия маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ кард.

Маскав дар вокуниш таҳдид кард, ки посух хоҳад дод. Русия рӯзи 21-уми апрел гуфт, "дар посух ба таҳримҳои охири ғайриқонунии ИМА нисбат ба Русия иқдомҳои ҷавобӣ хоҳад гирифт."

Мақомоти иктишофии амрикоӣ мегӯянд, ҳамлаи Solarwinds cyberattack, ки моҳи декабри порсол рух дод, кори дасти рахнагарони рус буд.

Таҳримҳои Амрико, инчунин, посух ба дахолати русҳо ба маъракаи интихоботии соли 2020 дар Амрико мебошад. Як арзёбии гурӯҳи калони иктишофии Иёлоти Муттаҳида ба чунин натиҷа расидааст, ки барои ташкилу анҷоми ин ҳамлаҳои интернетӣ худи президент Владимир Путин амр додааст. Маскав ҳама гуна бадрафториро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG