Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти тарафдорони Навалний ва боздошти шарикони наздики ӯ


21-уми апрел, маркази шаҳри Новосибирски Русия
21-уми апрел, маркази шаҳри Новосибирски Русия

Рӯзи 21-уми апрел садҳо сокини минтақаи Шарқи Дури Русия бо талаби аз зиндон озод кардани Алексей Навалний, мунаққиди Кремлин ба хиёбонҳо баромаданд, дар ҳамин ҳол дар Маскав полис ҳамнабардони сиёсатмадори зиндониро боздошт намуд. Дар миёни боздоштшудаҳо ҳуқуқшиноси Бунёди зиддикоррупсияи Навалний - Любов Собол, яке аз симоҳои маъруфи барномаи Навалний дар YouTube ва сухангӯи ӯ Кира Ярмиш мебошанд. Дар ҳамин ҳол, Владимир Рижков, собиқ муовини раиси Думаи давлатӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфт, ки полис ӯро бо гумони вайрон кардани қарори ташкили ҳамоишҳои ҷамъиятӣ боздошт кард. Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел боздошти шарикони наздики Навалнийро “таассуфовар” хонд. Мишел, ки раҳбарии ҷаласаҳои аврупоиро ба ӯҳда дорад, дар Твиттераш навишт: “Мақомот бояд ҳақ ба ташкили ҳамоишҳоро эҳтиром кунанд”.

Полис инчунин хонаҳои шарикони Навалнийро дар шаҳри Екатеринбург кофтукоб кард. Дар шаҳри Кургани ҳаммарз бо Қазоқистон як ва дар Нижний Новгород ду узви тими Навалний боздошт шуданд. Бо вуҷуди ҳузури зиёди полис дар хиёбонҳо, тарафдорони Навалний, ки се ҳафта зиёд аст гуруснанишинӣ мекунаду ба наздаш табиби хусусиро роҳ намедиҳанд, ба хиёбонҳои шаҳрҳои Иркутск ва Владивосток баромаданд. Тими Навалний ба баргузории намоишҳои эътирозӣ дар 160 шаҳри кишвар даъват намуданд, то ки мақомот ба вазъи саломатии ӯ таваҷҷӯҳ кунанд. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо барои саркӯби тарафдорони Навалний ва зиндонӣ кардани ӯ Русияро бо таҳримҳои нав муҷозот намуд.

XS
SM
MD
LG