Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии гуштии озоди Осиё бе медал монданд


Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод, ки рӯзҳои 17-18-уми апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, натавонистанд медал бигиранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон Ҳикматулло Воҳидов, Ғуломҷон Шарипов, Баҳодур Қодиров, Искандари Рустам ва дигарон дохил буданд. Аз байни онҳо танҳо Баҳодур Қодиров натиҷаи беҳтар нишон дод. Ӯ дар вазни то 86 кило ҷойи панҷумро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, варзишгари тоҷик Далер Ризозода дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ, ки рӯзҳои 13-14-уми апрел дар Алмаато баргузор шуд, дар вазни то 77 кило медали нуқра ба даст овард. Ин ягона медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Осиё дар намуди гуштии варзишӣ ба шумор меравад.

Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии варзишӣ дар Деҳлии Ҳиндустон варзишгарони тоҷик чор медал – ду нуқра ва ду биринҷӣ - ба даст оварда буданд.

Бояд гуфт, ки то ҳоло ягон нафар аз Тоҷикистон дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ) ба Олимпиадаи Токио роҳхат нагирифтааст.

Гуштигирони тоҷик боз як имконияти ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпиро доранд. Рӯзҳои 6-9-уми май дар шаҳри Софияи Булғористон мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа онҳое, ки дар ҳар вазн ба финал мебароянд, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд.

Зимнан, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнониву румӣ, гуштии озод ва гуштии занона) ба Олимпиадаи Токио Қазоқистон 11 роҳхат, Узбекистон ва Қирғизистон 8-роҳхатӣ гирифтаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG