Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи дувуми "Хуҷанд" ва "Файзканд" ва се бохти ССКА дар мусобиқаи лигаи олӣ


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 16-18-уми апрел баргузор шуданд.

Дар нахустин бозии даври севум «Файзканд»-и Восеъ дар майдони худ «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Се голи мизбононро ҳамлагар Абдухалил Боронов ба самар расонид. Ин аввалин хет-трик дар мавсими нав мебошад.

Дар бозии дигари даври севум «Хуҷанд» дастаи меҳмон – ССКА-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Фирдавс Чақалов ва Ҳоҷибой Зиёев ба хуҷандиҳо се имтиёз овард. Зимнан, ин севумин бохти ССКА бо раҳбарии сармураббӣ Алиёр Ашӯрмамадов мебошад, ки бидуни имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи охирин қарор дорад.

Ба иттилои хадамоти матбуотии бошгоҳи ССКА, баъди се бохти пайиҳами низомиён дар ибтидои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ба дастаҳои «Файзканд», «Эсхата» ва «Хуҷанд», сармураббӣ Алиёр Ашурмамадови 52-сола аз вазифааш истеъфо дод. Ӯ соли 2019, пас аз мутахассиси украинӣ Сергей Житский ба вазифаи сармураббии бошгоҳи ССКА таъйин шуда буд. Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон – ССКА - Файзалӣ Давлатов мебошад.

Дастаи «Душанбе» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягона ба легионери камерунӣ Люк Менҷана Лионел марбут аст.

Даври севуми мусобиқа рӯзи якшанбеи 18-уми апрел дар Хуҷанд ба поён расид. Бозии «Эсхата» бо «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ба голи Абдусамад Самадов меҳмонон бо голи Амирҷони Фаррухзод посух доданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври севум дар садри ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Хуҷанд» ва «Файзканд», ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, қарор доранд.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 24-ум ва 25-уми апрел баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Файзканд» – «Кӯктош» – 3:1

Голҳо: Абдухалил Боронов, 15 (1:0). Абдухалил Боронов, 26 (2:0). Абдухалил Боронов, 33 (3:0). Муҳсин Абдуғаффоров, 60 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Абдухалил Боронов («Файзканд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

16-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

«Хуҷанд» – ССКА – 2:0

Голҳо: Фирдавс Чақалов, 27 (1:0). Ҳоҷибой Зиёев, 71 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

17-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2800 тамошобин.

«Душанбе» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.

Беҳтарин бозигари дидор: Люк Менҷана Леонел («Душанбе»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

17-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«Эсхата» – «Равшан» – 1:1

Голҳо: Абдусамад Самадов, 60 (1:0). Амирҷони Фаррухзод, 77 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Муъминҷон Гадойбоев («Эсхата»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

18-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2700 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

2

1

0

7-2

7

2

«Файзканд» (Восеъ)

3

2

1

0

4-1

7

3

«Эсхата» (Хуҷанд)

3

1

2

0

5-3

5

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

0

1

1-1

3

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

1

0

1

2-3

3

6

«Душанбе» (Душанбе)

2

1

0

1

2-4

3

7

«Хатлон» (Бохтар)

3

0

2

1

2-3

2

8

«Равшан» (Кӯлоб)

3

0

2

1

1-2

2

9

«Истиқлол» (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

10

ССКА (Душанбе)

3

0

0

3

1-6

0

Голзанҳои пешқадам: Акобир Тураев («Эсхата»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 3-тӯбӣ, Артём Сердюк («Хуҷанд») – 2 тӯб.

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

ССКА – «Душанбе»

«Истаравшан» – «Файзканд»

25-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Равшан» – «Хуҷанд»

«Кӯктош» – «Эсхата»

XS
SM
MD
LG