Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуқодири Рустам: "Давлат бори худро сабуктар карда, бори волидонро афзудааст"


Абдуқодири Рустам
Абдуқодири Рустам

Абдуқодири Рустам, нависанда

Аз торнамои родиёи Озодӣ хондам, ки Қонуни "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" 10-сола шудааст. Дар иртибот бо ин қонун хотирае дорам, ки бад нест Шумо ҳам бидонед.

Аслан, тасвиби қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон” хилофи мантиқ ва ақли солим аст, чунки нахуствазифаи волидон, ки аз табиати инсонӣ бармеояд, тарбияи фарзанд аст.
Абдуқодири Рустам

Чаҳор ё панҷ сол пеш буд. Рӯзи шанбе буд ва ман дар хона. Бонуи ҷавоне занг зад ва худро хабарнигори родиё (ҳоло дақиқ ёд надорам кадом родиё, ин қадар дар ёд монда, ки родиёи давлатӣ) муаррифӣ кард ва хост, назарамро дар бораи қонуни масъулияти падару модар иброз кунам.

Чун аз родиёи давлатӣ намояндагӣ мекард, медонистам ҳарфе, ки дар ин боб мегӯям, барояш хуш намеояд ва беш аз ин, ба дардаш намехӯрад, чун иҷозаи пахшашро нахоҳанд дод. Маҷбур шудам, дурӯғ бигӯям, ки ман дар Варзоб ҳамроҳи дӯстонам нишастаам ва ҳоло наметавонам, озод суҳбат бикунам.

Духтар пурсид: кай меоед ба шаҳр? Гуфтам, пас аз се ё чаҳор соат. Гуфт, пас, иҷозат бидиҳед, тарафи бегоҳ зангатон бизанам. Иҷозат додам, чун баҳонаи дигаре надоштам.

Ва воқеан пас аз чаҳор соат занг зад. Ин бор гуфтам, назари ман бо ин қонун бо он чӣ давлат аз он интизор дорад, чандон мувофиқ нест, аз ин рӯ, он чиро, ки ман мегӯям, шумо наметавонед, пахш бикунед, иҷозат намедиҳанд ва вақтатону заҳмататон барҳадар меравад.

Бо садои мутмаин гуфт, на, ҳарчӣ гӯед, ҳатман пахш мешавад, барнома фардо (якшанбе), соати фалон пахш мешавад ва худатон метавонед, гӯш бикунед. Гуфтам, пас суолатонро бидиҳеду забт бикунед. Ончиро ки он замон гуфтам, албатта, дақиқан, бо ҷузъиёташ дар ёд надорам, вале мазмунан ин буд, ки дар зайл меоварам:

Аслан, тасвиби қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон” хилофи мантиқ ва ақли солим аст, чунки нахуствазифаи волидон, ки аз табиати инсонӣ бармеояд, тарбияи фарзанд аст.

Дар чаҳорчӯби қонун гирифтани ин вазифа “нонсенс” аст. Дар ҳеч кишвари ҷаҳон чунин қонуне вуҷуд надорад. Аммо таҷрибаи зиндагии чанд соли охир дар Тоҷикистон нишон дод, ки барои кишвари мо ин қонун то ҷое зарурӣ ва ҳатмӣ аст, зеро бисёр падару модаронро медонем ва мешиносем, ки тарбияи фарзандонашонро сарфи назар кардаанд. Саҳар аз дар берунашон мекунанд ва то нисфи шаб, парво надоранд, ки дар куҷо мегарданду чӣ кор мекунанд; танҳо гуруснагӣ ва ҷойи хоби бароҳат аст, ки фарзандони инчунин волидонро ба хона бармегардонад...

Ин қонун барои чунин волидоне зарурӣ аст. Аммо, масъалаи дигар пеш меояд, ки чунин волидон худашон муҳтоҷи тарбия ҳастанд, қабл аз он ки онҳо бар тарбияи дурусти фарзандонашон машғул бишаванд, худашонро бояд тарбия кард.

Кӣ худи онҳоро тарбия хоҳад кард? Ин як масъала аст, ки дар ин қонун ба назар гирифта нашудааст ва аз чорчӯби ин қонун берун ҳам ҳаст. Масъалаи дигар ва муҳимтар ин аст, ки бо тасвиби ин қонун давлат масъулияти худ дар ин заминаро низ ба дӯши падару модар гузоштааст, яъне бори худро сабуктар карда ва бори падару модарро афзудааст.

Барои он ки падару модар ба вазифаи табиии худ, ки тарбияи фарзандон аст, машғул бишаванд, давлат бояд шароит омода бикунад. Бибинед, ҳоло беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигар қарор доранд.

Мизони бештарини онҳо падарони ҷавон ҳастанд, ки маҷбур шудаанд, барои таъмини хонаводаҳояшон ба муҳоҷират бираванд. Бархе аз онҳо дар як сол фақат барои ду-се моҳ, бархеи дигар ҳатто дар ду-се сол як бор ба ватан, ба назди хонаводаашон меоянд. Баъзеяш аслан зану фарзандашро раҳо мекунаду зани дигар мегирад.

Дар ин сурат ин падарон чӣ гуна метавонанд, фарзандонашонро тарбия бикунанд?! Модар ба танҳоӣ наметавонад, фарзандон, ба хусус писаронашро тарбияи дуруст бикунад, барои тарбияи дуруст ва солими фарзандон, махсусан писарон оила бояд комил бошад, ҳам падар ва ҳам модар дар кори тарбияи ширкат бикунанд. Ва дар ин масъала аст, ки мебинем, давлат вазифаҳо ва тааҳуддоти худро дар баробари шаҳрвандонаш иҷро намекунад.

Вазифаи давлат аст, ки ҳам мустақиман аз ҳисоби тахсис додани маблағ аз буҷа ва ҳам аз тариқи ҳимоят аз бахши хусусӣ ба эҳдоси корхонаҳои саноатӣ, ба афзоиши ҷойҳои корӣ мусоидат бикунад, то ки шаҳрвандаш дар ватани худаш, бидуни зиндаҷудоӣ аз зану фарзандонаш ва падару модараш дар ин корхонаҳо кор бикунад, хонаводаашро таъмин бикунад ва ба тарбияи фарзандонаш машғул бишавад.

Хулоса, давлат бояд вазоифи аслии худро иҷро бикунад ва танҳо пас аз он метавонад, волидонро барои тарбияи нодурусти фарзандон ба ҷавобгарӣ бикашаду ҷарима бикунад.

Духтархонуми ҷавон ташаккур гуфт ва иртиботро қатъ кард. Намедонам гуфтаҳои маро пахш кард ё не, чун родиё надорам, натавонистам барномаашро гӯш бидиҳам. Аммо назари ман ҳанӯз ҳам ҳамин аст, ки чор ё панҷ сол пеш гуфта будам.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG