Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, амалкарди Эрон ба эҳёи созиши атомӣ кумак намекунад


Таъсисоти атомии Натанз, акси моҳвораӣ аз рӯзи 7-уми апрели соли 2021.
Таъсисоти атомии Натанз, акси моҳвораӣ аз рӯзи 7-уми апрели соли 2021.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки қарори Эрон барои ғанисозии ураниуми 60 дар садӣ барои эҳёи созиши атомӣ бо ин кишвар кумак намекунад. Айни замон ӯ гуфт, “хушнуд” аст, ки Эрон ҳамчунон дар музокироти ғайримустақим бо Амрико барои бозгашт ба ин созиши соли 2015 ширкат дорад.

Дар бораи ин масъала аз Ҷо Байден дар нишасти хабарии муштараки ӯ бо Йошиҳиде Суга, нахуствазири Ҷопон рӯзи 16-уми апрел пурсиданд. Дар посух ба ин суол, ки оё амалкарди Эрон аломати ҷиддӣ набудани кишвар барои бозгашт ба иҷрои созиши атомӣ нест, Ҷо Байден гуфт: “Ба назари ман, аз ҳоло қазоват кардан дар бораи натиҷа барвақт аст, вале мо ҳоло ҳам гуфтугу дорем.”

Ҳукумати Эрон аввали ҳамин ҳафта гуфт, ки ба ғанисозии ураниуми 60 дар садӣ оғоз кардааст, ки дар сурати хостан, метавон онро ба ураниуми 90 дар садии лозим барои бомби атомӣ табдил дод. Эрон то кунун, ин корро накарда буд ва гуфт, ки ғанисозии ураниуми 60 дар садӣ посух ба ҳамлаи эҳтимолии кибернетикӣ ба таъсисоти атомии Натанз аст, ки Эрон онро кори дасти Исроил медонад.

Бар асоси созиши соли 2015, Эрон аҳд додааст, ки фақат ураниуми 3.67 дар садӣ ҳосил мекунад, вале чанде пеш гуфт, азбаски созиш баъди берун шудани Амрико аз он эътибори пешинаашро надорад, кишвар ба истеҳсоли ураниуми 20 дар садӣ оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG