Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ ҳукумати Русияро ба Додгоҳи Аврупо кашид


Қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Прага
Қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Прага

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон шикоят бурд.

Радио аз Додгоҳи Аврупо хостааст, барои таъйини муҳлат ё моратория дар иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия, ки Радиои Озодиро барои иҷро накардани қонуни маъруф ба "агенти хориҷӣ" чораҷӯӣ кунад.

Мақомоти Русия нисбат ба Радиои Озодӣ ва мудири кулли он Андрей Шароградский дар Русия садҳо санади қонунвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд. Ин санадҳо марбут ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ҳастанд. Додгоҳ Радиои Озодиро барои вайрон кардани ин қонун ҷарима бастааст.

Дар муроҷиати Радиои Озодӣ унвонии Додгоҳи Аврупо омадааст, ки амалкарди мақомоти Русия ҳуқуқи одамонро ба озодии баён ва озодии ақида маҳдуд мекунад, ки аз сӯи Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон кафолат дода шудааст. Аз Додгоҳи Аврупо дархост шудааст, ки дар робита ба ҷаримаҳои ҳангуфти додгоҳҳои Русия чораҷӯӣ кунад, дар сурати ғайр радио ва мудири он мумкин аст, ҷарима шаванд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ/ Радиои Аврупо Озод, талошҳои афзояндаи Русия барои берун кардани Радиои Озодӣ ва шабакаи маъруфи "Current Time" аз он кишварро маҳкум кард.

Дар изҳороти оқои Флай, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, гуфт мешавад, "Радиои Озодӣ ба он хотир аз сӯи мақомоти Русия ҳадаф қарор гирифтааст, ки Кремл дар пайи маҳдуд кардани дастрасии мардум ба иттилоъ аст ва мо ахбору маълумоти воқеиро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳем. Мо ба муқовимат дар баробари ин ҳамлаҳо бо тавоноии худ барои фаъолият дар Русия аз ҳама роҳҳои мумкин идома хоҳем дод. Мо ба ин бовар ҳастем, ки мардуми Русия интихоб ё гузинаҳои бештаре мехоҳанд".

Ин изҳороти оқои Флай дар ҳоле садо медиҳад, ки Радиои Озодӣ огоҳ шудааст, "Роскомнадзор" -- ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти расонаҳои Русия, Радиои Озодиро боз 130 ҳолати дигари вайрон кардани талаботи қонун муттаҳам мекунад. "Роскомнадзор" то ба ҳол Радиои Озодиро барои 390 ҳолати вайрон кардани талаботи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" қариб 1 миллион доллар ҷарима бастааст.

Дар сурати иттиҳомоти нав, маҷмуи "қонуншиканиҳо"-и Радиои Озодӣ ба гуфтаи мақомоти Русия, ба 520 иттиҳом мерасад ва маблағи ҷаримаи пешбинишуда ба 2,3 миллион доллар хоҳад расид. Сарпечӣ аз иҷрои ин талабот ҷарима ва эҳтимоли бастани сомонаҳои "Садои Амрико", Радиои Озодӣ ва тарҳҳои дигари Радиои Озодиро дар Русия ба дунбол дорад.

Дар панҷ соли гузашта шумораи корбарони Радиои Озодӣ дар Русия ду баробар афзоиш ёфтааст. Нуфузи РАО/РО дар ҳоли афзоиш аст: дар маҷмуъ дар ду моҳи соли 2021 ба сомонаи русии Радиои Озодӣ бештар аз 32 миллион корбар сар задааст. Наворҳои видеоии "Current Time" -- як тарҳи Радиои Озодӣ, байни октябри соли 2019 ва сентябри 2020 беш аз 1,5 миллиард бор дида шудаанд.

Бино ба талаби "Роскомнадзор", тарҳҳои Радиои Озодӣ дар Русия бояд дар ибтидои ҳама гуна барномаҳои аудиоӣ порчаи 15-дақиқаии садоиро дар бораи агенти хориҷӣ будани радио нашр кунанд. Ҳамчунин бояд дар барномаҳои видеоӣ навиштаи агенти хориҷӣ ҷо дода шавад. Ҳамзамон бояд дар маҳсулоти матнӣ, ҳам дар сомона ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз ҳаҷми матн, навиштаи агенти хориҷӣ нашр шавад.

Рӯзи 6-уми апрел Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар робита ба фишори мақомоти Русия, ки ба пешгирӣ аз фаъолияти Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ равона шудааст, изҳори нигаронӣ кард.

Блинкен рӯзи 6-уми апрел бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Оҷонси Суханпарокании Байналмилалии Амрико (USAGM) Келу Чао мулоқот кард. Дар ин мулоқот аҳамияти расонаҳои мустақил дар ҳифз ва густариши усулҳои демократия баррасӣ шуд.

Моҳи гузашта гуруҳи сенаторҳои ИМА аз Ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ Кремлро барои "ҳамлаи давлатӣ ба озодии расонаҳо" маҳкум карданд. Сенаторҳо дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, қонуни мазкур барои хомӯш кардани Радиои Озодӣ ва дигар тарҳҳои РАО/РО истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG