Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КДАМ-и Қирғизистон парвандаи ҷиноиро нисбат ба Матраимов баст


Раимбек Матраимов
Раимбек Матраимов

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимовро баст. Дар ин бора аз маркази матбуотии КДАМ иттилоъ доданд.

КДАМ пештар хабар дода буд, ки Раимбек Матраимов рӯзи 18-уми феврали соли 2021 дар доираи парвандаи пулшӯӣ боздошт ва ҳабс шудааст. "Таҳқиқоти журналистӣ дар бораи Матраимов ва дороиҳои вай дар Дубай сабаби боз кардани парванда шуда буд", - омадааст дар хабари КДАМ.

Ин ниҳоди қудратии Қирғизистон ба мақомоти кишварҳои ИДМ, Аврупо, Чин, Туркия ва Дубай дар бораи дороиҳои Матраимов ва аъзои хонаводаи вай дархост ирсол кардааст.

"Бино ба посухҳои расмӣ, Матраимов ва аъзои хонаводаи вай дар ин кишварҳо амволи манқулу ғайриманқул надорад", - иттилоъ медиҳад КДАМ. Манбаъ афзудааст, "далелҳое, ки дар таҳқиқоти журналистӣ зикр шудаанд, тасдиқ нагардиданд ва ба ин тартиб, парвандаи ҷиноӣ нисбати Матраимов қатъ шуда, вай аз ҳабс раҳо шуд."

Боздошти Матраимов дар рӯзи 18-уми феврали имсол дувумин боздошти вай буд. Бори аввал дар тирамоҳи соли 2020 мақомоти қудратии Қирғизистон Матраимовро боздошт ва пас аз пардохти ҷарима раҳо карданд.

XS
SM
MD
LG