Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як медали гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Алмаато


Далер Ризозода, паҳлавони тоҷик.
Далер Ризозода, паҳлавони тоҷик.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ, ки рӯзҳои 13-14-уми апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, як медал ба даст оварданд.

Далер Ризозода, ки дар вазни то 77 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард, Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманро шикаст дод. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Дамеу Жадраеви қазоқ ғолиб омад. Вале Далер ба иллати латхӯрӣ натавонист дар қувваозмоии ниҳоӣ иштирок намояд. Медали тилло ба гуштигири эронӣ Пижман Поштам супурда шуд. Далер Ризозода медали нуқра гирифт.

Гуштигирони дигари тоҷик – Асламҷон Азизов (55 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг), Шероз Очилов (67 кг), Муслиҳиддин Уроқов (72 кг), Тоҳирҷон Охунов (87 кг) ва Амирҷон Ҷӯраев (97 кг) – аз медалҳои қаҳрамонии Осиё бенасиб монданд.

Дар сабқати гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ варзишгарони Эрон 4 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гирифтанд. Мизбонон – гуштигирони Қазоқистон – 2 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Намояндагони Ҷопон соҳиби 2 медали тилло ва 2 биринҷӣ шуданд.

Боз варзишгарони панҷ кишвар – Кореяи Ҷанубӣ 1 медали тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ, Узбекистон 1 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Қирғизистон 3 медали нуқра, 6 биринҷӣ, Тоҷикистон 1 медали нуқра ва Тайбейи Чин 1 медали биринҷиро азони худ карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ:

Вазни то 55 кг: 1. Ю Шиотани (Ҷопон); 2. Илҳом Баҳромов (Узбекистон); 3. Нурмуҳамет Абдуллоев (Қирғизистон); 3. Пӯё Додмарз (Эрон).

Вазни то 60 кг: 1. Айдос Султонгал (Қазоқистон); 2. Меҳдӣ Нажод (Эрон); 3. Аята Сузуки (Ҷопон); 3. Сеунгҳак Ким (Кореяи Ҷанубӣ).

Вазни то 63 кг: 1. Султон Асетулӣ (Қазоқистон); 2. Мейсам Далхонӣ (Эрон); 3. Ҷуй Хуан (Тайбэй); 3. Ханже Чунг (Кореяи Ҷанубӣ).

Вазни то 67 кг: 1. Тсучика Шимоямада (Ҷопон); 2. Алмат Кебиспаев (Қазоқистон); 3. Амантур Исмоилов (Қирғизистон); 3. Ҳусейн Колматӣ (Эрон).

Вазни то 72 кг: 1. Ҳансу Рю (Кореяи Ҷанубӣ); 2. Руслан Сарёв (Қирғизистон); 3. Амин Қавиянинажод (Эрон); 3. Таиши Ҳори (Ҷопон).

Вазни то 77 кг: 1. Пажмон Поштам (Эрон); 2. Далер Ризозода (Тоҷикистон); 3. Демеу Жадраев (Қазоқистон); 3. Кайратбек Туголбоев (Қирғизистон).

Вазни то 82 кг: 1. Жалгасбой Бердимуродов (Узбекистон); 2. Калидин Асикеев (Қирғизистон); 3. Сатоки Мукаи (Ҷопон);

Вазни то 87 кг: 1. Носир Ализода (Эрон); 2. Атабек Азизбеков (Қирғизистон); 3. Рустам Осақолов (Узбекистон); 3. Сюгхван Ли (Кореяи Ҷанубӣ).

Вазни то 97 кг: 1. Меҳдӣ Балиҳамзода (Эрон); 2. Сеюнгжун Ким (Кореяи Ҷанубӣ); 3. Бексултон Маҳмудов (Қирғизистон); 3. Ерулан Исҳоқов (Қазоқистон).

Вазни то 130 кг: 1. Алиакбар Юсуфиаҳмадчалӣ (Эрон); 2. Алимхон Сиздиков (Қазоқистон); 3. Минжун Ким (Кореяи Ҷанубӣ); 3. Мурод Раҳмонов (Қирғизистон).

Дар қаҳрамонии Осиё дар Алмаато рӯзҳои 17-18-уми апрел сабқати гуштии озод доир мегардад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохил аст : 57 кг – Ҳикматулло Воҳидов, 61 кг – Муҳаммад Икромов, 65 кг – Мустафо Аҳмадов, 70 кг – Саидҳасан Ашрафхонов, 74 кг – Ғуломҷон Шарипов, 86 кг – Баҳодур Қодиров, 125 кг – Искандари Рустам.

XS
SM
MD
LG