Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд бозраси хориҷӣ дар Хуҷанд "бемор" шудаанд. Мақомот мегӯянд, "ҷойи нигаронӣ нест". ВИДЕО


Хиёбони марказии шаҳри Хуҷанд

Чанд меҳмон аз Қазоқистон барои бозрасӣ ё аудити яке аз бонкҳои кишвар ба Хуҷанд омада, ногаҳон бемор шудаанд. Ин хабар сокинони шаҳр ва атрофи онро нигарон карда, ҳатто овозаҳои намуд ё штамми нави коронавирусро ба миён овардааст, вале мақомоти тандурустӣ дар вилояти Суғд гуфтанд, "ҷое барои ташвиш нест".

Панҷ ё шаш меҳмонро зуд ба карантини хонагӣ (изолятсия) фиристоданд ва аз 60 корманди бонк, ки эҳтимол меравад бозрасон бо онҳо мулоқот кардаанд, тест гирифтанд.

Як корманди баландпояи Маркази назоратию санитарӣ дар вилояти Суғд рӯзи 14-уми апрел гуфт, панҷ бозрас ё аудитори берунии Бонки Эсхата охири ҳафтаи гузашта аз Қазоқистон омада, "ногаҳон таб кардаанд ва гулӯдард шудаанд".

"Пизишкон ҳастии коронавирусро дар вуҷуди онҳо санҷиданд. Натиҷаи тестҳо дар Хуҷанд манфӣ баромад. Барои эҳтиёт тестҳоро ба Душанбе фиристоданд. Ҷавоб аз Душанбе ҳанӯз нарасидааст, аммо мақомоти Хуҷанд ба ин панҷ меҳмон тавсия додаанд, ки барои эҳтиёт аз меҳмонхона ба берун набароянд ва бо дигарон мулоқот накунанд", -- афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад.

Ба иттилои дарёфтӣ, меҳмонҳо пеш аз сафар аз ташхиси тиббӣ гузашта будаанд ва гувоҳномаи натиҷаи манфии санҷиши COVID-19-ро доштаанд.

Ҳамаи ин маълумотро манбаи дигар дар худи бонк низ тасдиқ кард, вале дафтари матбуоти Бонки Эсхата ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ шарҳи расмӣ надод. Маълум нест, бозрасон аз кадом ширкат ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи боварбахш дар Бонки Эсхата гуфт, "панҷ ё шаш меҳмонро зуд ба карантини хонагӣ (изолятсия) фиристоданд ва аз 60 корманди бонк, ки эҳтимол меравад бозрасон бо онҳо мулоқот кардаанд, тест гирифтанд."

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, "натиҷаи тести онҳо низ манфӣ баромадааст, аммо барои эҳтиёт қисме аз онҳоро ба кори фосилавӣ гузаронданд".

Намояндагони беҳдоштии шаҳри Хуҷанд низ мегӯянд дар байни кормандони Бонки Эсхата ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро ошкор накардаанд ва "ягон сабаби нигаронӣ дар байни аҳолӣ нест". Онҳо мегӯянд, ҳаққи ифшои ҷузъиётро надоранд ва танҳо намояндагони Вазорати тандурустӣ дар марказ маълумот медиҳанд. Вазорат дар ин бора чизе нагуфтааст.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Нигаронии кормандони бонки "Эсхата" аз бемории аудиторони хориҷӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Мақомоти Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сироят нашудани беморӣ ба сокинон хабар медиҳанд.

Ба иттилои расмӣ, бемории коронавируси нав аз охири апрели соли гузашта то январи имсол ба беш аз 13 ҳазор кас сироят карда, боис ба марги 90 нафар шудааст, вале баъзе аз сокинону мутахассисон миёси беморӣ ва талафот аз онро бештар мешуморанд.

Нобоварӣ ба омори расмӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки мақомот соли гузашта камаш як моҳ мавҷудияти коронавирусро инкор карда, танҳо дар остонаи сафари мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба будани он иқрор намуданд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG