Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одобномаи нави хабарнигорони тоҷик қабул мешавад. Аз қаблӣ чӣ фарқ дорад?


Бинои "Шарқи Озод".
Бинои "Шарқи Озод".

Як гурӯҳи корӣ баъд аз дувоздаҳ соли тасвиби одобномаи хабарнигорони тоҷик ба такмили муқаррароти он иқдом карда, интизор меравад то се ҳафтаи дигар матни он аз сӯи журналистони тоҷик қабул шавад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз мунтақидони одобномаи журналистон дар соли 2009, бо гузашти муддате зарурати он барои ҷомеаи тоҷикро дарк карда, ҳамакнун аз дастандаркорони такмили муқаррароти он шудаанд.

Аз соли 2012 ба баъд ҳамасола мониторинги Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон (Шӯрои ВАО) то 40 мавриди нақзи одобномаи хабарнигорони тоҷикро ошкор мекард. Аммо як ё ду соли пеш ин рақам ба 15-20 маврид коҳиш ёфтааст.

Қироншоҳ Шарифзода, узви раёсати Шӯрои ВАО мегӯяд, ки дар соли 2009 худ мухолифи тасвиби ин санади ғайриҳуқуқии машваратӣ буд, зеро бар ин назар буд, ки қонунҳои ҷорӣ фаъолияти хабарнигорони тоҷикро ба хубӣ танзим мекунад. Аммо, сипас нашрияи "Ҷомеа" ба раҳбарии Қироншоҳ Шарифзода ин санадро қабул ва худаш ба узвияти Шӯрои ВАО пазируфта шуд.

Оқои Шарифзода мегӯяд, он замон ӯ дар қатори Раҷаби Мирзо ва Хуршеди Атовулло мухолифи қабули ин одобнома буд, зеро ба андешаи ӯ, агар хабарнигор қонунҳои ҷории давлатро иҷро накунад, магар тавсияҳои як созмони ҷамъиятиро гӯш медиҳад? Аммо, дертар, ба унвони намояндаи созмони ҷамъиятии "Журналист" ин қоидаҳоро қабул кард.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори тоҷик мегӯяд, ки низ аз мухолифони ин одобнома буд, аммо сафарҳои хориҷааш назари вай ба ин санадро тағйир додаанд. Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, вақте ба Олмон сафар дошт, огоҳӣ ёфт, ки дар ин кишвар қонуни матбуот аслан вуҷуд надорад ва фаъолияти хабарнигорон маҳз тавассути ҳамин одобнома танзим мешавад.

Пешниҳод барои такмили ин одобнома ҳамакнун идома дорад ва интизор меравад то 3-уми май ин тағйирот расман қабул шаванд. Аз ҷумла, дастандаркорони ислоҳи одобнома мехоҳанд ба ин қоидаҳо дасткашии хабарнигорон аз гирифтани тӯҳфаҳои молӣ барои пахш ё, баръакс пахш накардани маводро ҷой диҳанд.

Қаблан, дар ин қоидаҳо 17 нукта вуҷуд дошт ва дар лоиҳаи ислоҳшуда ин нуктаҳо ба беш аз 70 адад афзоиш ёфтааст. Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин одобнома то андозае ба беҳбуди кори хабарнигорон мусоидат кардааст.

"Муқаррароти ин одобномаро асосан ҳамон хабарнигороне муроот мекунанд, ки худ пойбанди қонунгузории Тоҷикистон ҳастанд. Чанд мавриде буданд, ки мониторинги Шӯрои ВАО ба камбудиҳои журналистон ишораҳое карда буд ва ин норасоиҳо сипас ислоҳ шуданд. Аммо, дар умум машваратҳои тавсиявӣ ҳаргиз муқарроти қонунгузориро наметавонад иваз кунад".

Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон аз танг шудани фазои озодии сухан дар Тоҷикистон ва афзоиши пахши маводҳои таблиғоти пинҳонии давлативу тиҷоратӣ ва таҳқиромез дар расонаҳои кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ҳамзамон, мавқеи озодии сухан дар Тоҷикистон дар раддабандии "Хабарнигорони бидуни марз" дар соли гузашта ба ҷойи 161-ум фаромадааст. Дувоздаҳ сол қабл Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мавқеи 113-ро соҳибӣ мекард.

XS
SM
MD
LG