Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳдид кард, ки баъди ҳамла ба Натанз ғанисозии ураниумро 60 % боло мебарад


ТВ-и давлатии Эрон ин аксро ҳамчун сентрифугаҳои таъсисоти Натанз муаррифӣ кард. Акс аз соли 2012
ТВ-и давлатии Эрон ин аксро ҳамчун сентрифугаҳои таъсисоти Натанз муаррифӣ кард. Акс аз соли 2012

Ду рӯз баъди як харобкории эҳтимолӣ дар таъсисоти ҳастаии Натанзи Эрон, ки мақомоти ин кишвар масъулиятро бори Исроил карданд, Теҳрон таҳдид намуд, ки ғанисозии ураниумро то 60 дарсад афзоиш медиҳад. Рӯзи сешанбе дипломати аршади эронӣ ҳамлаи эҳтимолиро “як қимори бисёр бад” номид, ки баръакс, боиси тақвияти мавқеи Теҳрон дар муколамаҳои барқарор кардани созиши соли 2015-и ҳастаии қудратҳо ва Эрон мешавад. Рӯзи 13-уми апрел Эрон Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ-ро огоҳ кард, ки ғанисозии ураниумро “то 60 дарсад боло мебарад”. Дабири кулли Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ Рафаэл Мариано Гросси каме дертар ин хабарро тасдиқ кард.

Телевизиони давлатии англисизабони эронӣ Press TV хабар дод, ки ғанисозӣ 14-уми апрел шурӯъ мешавад. 60 дарсад баландтарин нуқтаи ғанисозии ураниум дар Эрон мебошад, ҳарчанд ин ҳаҷм барои расидан ба 90 дарсади зарурӣ барои истифода бо ҳадафҳои низомӣ камтар аст. Бар асоси созиши ҳастаӣ, ғанисозӣ набояд аз сатҳи 3,67 дарсад болотар бошад. Ахиран ин ҳаҷм бо 20 дарсад афзоиш дода шудааст.

XS
SM
MD
LG