Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба кишоварзон машварат додаанд, ки рӯза нагиранд. Деҳқонони тоҷик чӣ мегӯянд? ВИДЕО


Занони тоҷик ҳангоми кор дар саҳро
Занони тоҷик ҳангоми кор дар саҳро

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар оғози моҳи Рамазон ба кишоварзон машварат дод, ҳангоми кор дар саҳро аз гирифтани рӯза худдорӣ кунанд. Ҳангоми суҳбат аксар деҳқонон гуфтанд, ҳам фарзи диниро ба ҷо меоранд ва ҳам корро канор намегузоранд.

Гузориш аз телевизиони "Настоящее Время"

Рамазони имсола ба мавсими кишт рост омад. Имрӯзҳо даҳҳо ҳазор нафар дар саҳро кор мекунанд. Аз заҳмати онҳо нафақат некӯаҳволии оила, балки пур шудани дӯкону бозорҳо бо сабзавоти худӣ вобастааст.

Бо вуҷуди он ки гармии ҳаво аллакай ба 24 дараҷа расидааст ва ҳамарӯза дар саҳро ҳаво гармтар мешавад, ҳеч кас аз рӯзадорӣ даст кашиданӣ нест. Чанде аз кишоварзон дар Ҳисор гуфтанд, бо вуҷуди гармӣ рӯза медоранд ва барояшон мушкиле пеш нахоҳад омад. Яке аз онҳо гуфт, "дар вақти рӯза то соати даҳ-ёздаҳ дар саҳро кор карда, сипас ба хона меравем."

Зоҳиран сокинони Тоҷикистон пешниҳоди раиси ҷумҳурро дар бораи рӯзадорӣ ҷиддӣ нагирифтанд, ҳарчанд тавсияҳои ӯ одатан фаврӣ иҷро мешаванд.

Чӣ машварат доданд?

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро дар паёми табрикиаш дар робита ба оғози моҳи Рамазон иброз дошт. Вай гуфт, кишоварзон бояд меҳнати бисёр кунанд ва даст кашидан аз хӯрокхӯрӣ метавонад боис ба камқувватии онҳо гардад. Ба гуфтаи Раҳмон, пешниҳоди ӯ бо асоси ислом мухолифат надорад.

"Дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад. Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд", -- таъкид кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Кишоварзони тоҷик мегӯянд, "ҳам рӯза мегирем ва ҳам кор мекунем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Чунин тавсия ба назари рӯҳониён дар кишварҳои дигар аҷиб менамояд, зеро ба гуфтаи онҳо, тарки рӯза танҳо дар ҳолатҳои бисёр сахту ночорӣ мумкин аст. Масалан, бинобар бемори вазнин будан.

Нафиуллоҳ Оширов, муфтии мусулмонони бахши осиёии Русия, гуфт, "рӯза гирифтан бар Шумо фарз шудааст, ҳамон гуна, ки барои қавмҳои пеш аз Шумо буд. Шояд аз зумраи худотарсон бишавед. Бино бар ин, ҳеч гуна кори мушкиле наметавонад баҳона шавад ё ба ибодати ӯ, бахусус дар моҳи мубораки Рамазон, таъсир расонад. Зеро инсон ҳамеша метавонад аз кораш рухсатӣ бигирад ё дар ниҳоят онро иваз кунад."

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз коршиносони динӣ мегӯянд, раиси ҷумҳурӣ дар масъалаи додани фатво салоҳият надорад. Исломиддин Саидов, диншиноси тоҷики муқими Варшава, гуфт: "

Исломиддин Саидов
Исломиддин Саидов

Ин ки раиси ҷумҳурӣ мехезад аз минбар барои як қисми аҳолӣ чунин фатво медиҳад, ин ҳеч ҷанбаи шаръӣ надорад. Ва касоне, ки бар ин фатво амал мекунанд, аз нигоҳи шаръӣ гунаҳкор мешаванд ва мавриди бозхост қарор мегиранд, чунки медонанд, ин нафар дар он ҷойгоҳ нест."

Саидов афзуд: "Эмомалӣ Раҳмон қариб ҳар сол дар моҳи Рамазон ба кишоварзон чунин машварат медиҳад ва ҳар дафъа далели нав меорад. Вазъи риояи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон рӯ ба бадшавӣ аст."

Вазорати корҳои хориҷии Амрико, бино бар маҳдудият дар иштироки занону кӯдакон дар маросими динӣ, таъқиби ришдорону занони ҳиҷобпӯш ва манъи либосҳои мазҳабӣ, Тоҷикистонро ба рӯйхати поймолкунандагони озодиҳои динӣ шомил кардааст.

XS
SM
MD
LG