Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус раҳбари як ҳизби оппозитсионӣ боздошт шуд


Григорий Костетсов
Григорий Костетсов

Дар идомаи саркӯбҳои норозиёни интихоботи президентии августи соли 2020 дар Беларус, ки бо пирӯзии Александр Лукашенко анҷомид, полиси ин кишвар раиси ҳизби дигари оппозитсионӣ - Ҷабҳаи мардумии Беларус Григорий Костетсовро боздошт кард. Наздикони ӯ гуфтанд, ки ин сиёсатмадорро 12-уми апрел бо иттиҳоми номаълум дар шаҳри Шклов боздошт карда ба шаҳри Минск интиқол доданд. То ҳол мақомот дар бораи ин қазия шарҳе надодаанд.

Натиҷаҳои интихоботи президентии порсолаи Беларус бо норизоияти шадиди мухолифону сокинони ин кишвар рӯбарӯ шуд, чун аксарият бовар доранд, ки Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, аз роҳи тақаллуб дар ин мақом мемонад. Аксари онҳо бовар доранд, ки барандаи воқеии интихобот Светлана Тихановская мебошад, ки ҳамчун номзади мухолифон дар интихобот иштирок кард.

Тихановская маҷбур шуд, ки баъди интихобот ба Литва равад, чун Лукашенко даст ба боздошту саркӯби норозиҳо зада, ба иттилои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, дар ин нӯҳ моҳ 30 ҳазор нафар боздошт, латукӯб, шиканҷа шуданд ва чанд нафар ҳам кушта шуданд. Бисёр раҳбарони мухолифон маҷбур шуданд аз кишвар берун раванд, чун аз амнияти худ ҳарос доранд, бархе боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG