Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Истирдодшуда аз Фаронса ба Чеченистон бо шиканҷаву марг рӯбарӯст


Магомед Гадаев
Магомед Гадаев

Созмони байналмилалии Amnesty International дар изҳороте рӯзи 11-уми апрел гуфт, як паноҳандаи сиёсии чечентабор, ки ахиран аз ҷониби Фаронса ба дасти оҷонсии амнияти Чеченистон таслим карда буд, бо шиканҷа ва ҳатто куштор рӯбарӯ аст. Бахши ин созмон воқеъ дар Фаронса гуфт, ки аз сарнавишти Магомед Гадаев шадидан нигарон ҳастанд. Ин мард 9-уми апрел аз Фаронса ба Маскав истирдод шуд. Нашрияи “Новая газета” гуфт, ки Гадаеви 37-соларо баробари расидан ба Маскав ба дасти амниятиҳои Чеченистон супурданд. Дар изҳороти Amnesty International омадааст, ки “ин мард дар гузашта дар қазияҳое дар бораи даст ба шиканҷа задани мақомоти чечен ба ҳайси шоҳид баёнот додааст ва ҳоло худи ӯ бо хатари шиканҷа ва ҳатто куштор рӯбарӯ мебошад”. Изҳороти мазкур ба номи президенти Фаронса Эммануэл Макрон ирсол шудааст. Гадаев то замони боздошту истирдодаш раиси ҷамъияти чеченҳои Париж ва ҳам як узви анҷумани чеченҳои Аврупо буд. Ӯ баъди фирор аз Чеченистон, ки он ҷо бо иттиҳоми ҷудоиталабӣ дар зиндон буду ҳадафи шиканҷа қарор гирифт, даҳ сол дар Фаронса зиндагӣ кард. Дар Фаронса ӯ нақл кардааст, ки чӣ гуна худи ӯ шоҳиди шиканҷаҳое будааст, ки нирӯҳои амниятии Чеченистон содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG