ИМА бо нигаронӣ аз таҷаммӯи нирӯҳои Русия дар марз бо Украина ҳушдор дод, ки агар Русия дар нисбати Украина «бепарвоёна ва пархошгарона амал кунад», бо паёмадҳо рӯбарӯ хоҳад шуд. Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА рӯзи 11 апрел дар сӯҳбаташ дар барномаи «Мулоқот бо матбуот»-и NBC гуфт, «мавқеи президент Байден дар ин замина бисёр рӯшан аст». Ӯ гуфт, «агар Русия бепарвоёна ва пархошгарона амал кунад, ин кор нарх ва паёмад хоҳад дошт».
Чанд ҳафтаи ахир дар шарқи Украина низоъҳо миёни нирӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия авҷ гирифтаанд, чун шаҳодати он вуҷуд дорад, ки низомиёни Русия наздиктар ба марзҳои Украина дар шарҳи он кишвар ва ҳам дар дохили нимҷазираи ғасбшудаи Қрим ҳаракат мекунанд.
Кремлин талабҳои ақибкашии нирӯҳоро рад карда гуфтааст, ки дар ин сарҳадҳо хатар эҳсос мекунад ва ҳам ин кори дохилии он аст. Сухангӯ Дмитрий Песков рӯзи 11-уми апрел гуфт, «ҳеҷ кас дар андешаи ҷанг нест», вале афзуд, ки Маскав нисбати сарнавишти русзабонҳои сокини шарқи Украина «бепарво нахоҳад буд». Аз ин пеш 11-уми апрел вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб гуфт, ки Лондон ва Вашингтон «қотеона мухолифи амалиёти бесобуткунандаи вазъ дар Украина» мебошанд ва аз Русия талаб кард, ки ба низоъ тавсеа набахшад.