Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Миннеаполис баъди куштори як ҷавони сиёҳпӯст


Эътирозҳо дар Миннеаполис
Эътирозҳо дар Миннеаполис

Куштори ҷавонмарди 20-солаи сиёҳпӯст аз ҷониби ходими полисе дар шаҳри амрикоии Миннеаполис шаби 11-уми апрел боиси эътирозҳо шуд. Замоне, ки издиҳоми мардум дар назди идораи полиси шаҳри Бруклин Сентер ҷамъ омад, полис ба сӯи онҳо бо гази ашковар посух дод. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки дар Миннеаполис як сол пеш ходими сафедпӯсти полиси маҳаллӣ барои куштори марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд боздошт шуд ва ҳоло мурофиаи додгоҳии ӯ идома дорад. Эътирозгарон ду мошини полисро сангборон карданд. Раёсати полиси шаҳри Бруклин Сентер гуфт, ки ду ходими полис як ҷавонмардро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ нигоҳ доштанд ва баъди ин маълум шуд, ки ин шахс чандин бор ҳушдорҳои полисро нодида гирифтааст. Раёсати полис гуфт, вақте ходимони полис хостанд, ки ин мардро боздошт кунанд, ӯ ба мошинаш нишасту фирор кард, дар ҳамин ҳолат яке аз афсарон аз силоҳаш тир кушод. Мошини марди гумонбар чанд кӯчаро гузашта ба як мошини дигар бархӯрд. Вақте полис расид, хабар дод, ки мард ба ҳалокат расидааст. Модари ӯ талаб кард, ки иттилои бештар фароҳам кунанд. Таҳқиқи ин қазия шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG