Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар раъйпурсии Қирғизистон наздики 80% аз Конститутсияи нав ҷонибдорӣ карданд


Раъпурсӣ дар Қирғизистон. 12-уми апрели 2021.
Раъпурсӣ дар Қирғизистон. 12-уми апрели 2021.

Рӯзи 11-уми апрел дар Қирғизистон раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии он кишвар баргузор шуд. Аз тарҳи нави Конститутсия, ки қудрати президентро бештар ва салоҳиятҳои порлумонро камтар мекунад, 79,2%-и раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ кардаанд.

Танҳо 13,6%-и иштирокдорон зидди Конститутсияи нав овоз дода, наздики 7%-и варақаҳои раъйдиҳӣ беэътибор дониста шудааст.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, дар раъйпурсии 11-уми апрел 35,3%-и шаҳрвандони қобили раъйи ин кишвар иштирок кардаанд. Натиҷаи ниҳоӣ чанд рӯз баъд эълом мешавад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки ташаббускори тарҳи Конститутсияи нав аст, ҳангоми раъйдиҳӣ гуфт, "то ин дам Қирғизистон бо Конститутсияе зиндагӣ мекард, ки аз дигар кишварҳо нусхабардорӣ шуда буд".

Раъйпурсӣ баъди бештар аз се моҳи интихоби Содир Ҷабборов ба мансаби президенти Қирғизистон сурат мегирад. Ҷаборров, ки то моҳи октябри соли 2020 дар зиндон буд, дар пайи эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ тавассути ҷонибдоронаш озод карда шуд.

Ӯ аввал нахуствазир ва баъди зери фишор аз қудрат рафтани раиси ҷумҳури пешин, Сооронбой Ҷеенбеков, иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Дар интихоботи президентии моҳи январи имсол иштирок кард ва, ба иттилои расмӣ, пирӯз гардид.

Гуруҳе аз сокинони Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои ислоҳи Қонуни асосӣ танқид карда, гуфтаанд, ӯ барои эҷоди як ҳукумати худкома шитоб дорад. Ба бовари онҳо, тағйирот ба Конститутсия ба президент салоҳияту қудрати бештар медиҳад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch пештар гуфта буд, ки "тарҳи Конститутсия ба меъёрҳои ҳуқуқи башар, ки Қирғизистон ба риояи он тааҳҳуд кардааст, посухгӯ нест".

Содир Ҷабборов моҳи март дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳимоят кард. Ӯ рӯзи 11-уми апрел ба хабарнигорон гуфт, "Кумисюни марказии интихобот натиҷаҳои раъйпурсиро бояд дар зарфи 10 рӯз эълон кунад. Пас аз он, бояд лоиҳаҳои навро ба порлумон пешниҳод кунем. Бояд ҳамаи тарҳҳоро тибқи Конститутсияи нав қабул кунем. Дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёде аз қонунҳо бо ҳам мухолифат доранд, бахусус Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноӣ."

Қирғизистон 6,5 миллион аҳолӣ дорад ва аз соли 2005 се дафъа шоҳиди инқилоб ва ё бо зӯр сарнагун шудани ҳукумат будааст.

XS
SM
MD
LG