Маҷористон (Венгрия) талош дорад, робитаҳои мустақимро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монад. Бо ин ҳадаф вазири корҳои хориҷии Маҷористон ба Душанбе омадааст.
Петер Сийярто, вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон, рӯзи 7-уми апрел бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Пас аз дидори як ба як мулоқоти ҳайатҳои ду ҷониб сурат гирифт ва дар поёни он вазирони ду кишвар барномаи ҳамкориҳои ду вазоратро барои ду соли оянда имзо карданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки ин сафар барои тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Маҷористон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо мусоидат мекунад.
Петер Сийярто, вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон, дар навбати худ изҳор дошт, ки кишвараш Тоҷикистонро дар минтақа аз шарикони муҳими худ медонад ва барои пешгирӣ аз мавҷи паноҳҷӯён ва ақидаҳои тундгароии исломӣ ба Аврупо хостори тақвияти ҳифозати марз Афғонистон аст.
Ӯ хабар дод, ки Иттиҳоди Аврупо бо ибтикори Маҷористон сармоягузории барномаи нави ин созмонро ба маблағи 25 миллион евро барои тақвияти марз бо Афғонистон рӯи даст гирифтааст.
“Барои мубориза бо зуҳуроти терроризм имрӯз бо додситони кулли Тоҷикистон ду созишномаро дар бораи истирдоди маҳкумшудаҳо имзо мекунем. Ин кор ба хотири он анҷом дода мешавад, ки маҳкумшудаҳо дар иртибот бо амалҳои террористӣ беҷазо намонанд”, -- афзуд ӯ.
Дар ин суҳбати хабарии вазирони Тоҷикистону Маҷористон имкони суол додан набуд ва хабарнигорон натавонистанд, ҷузъиёти ин созишнома бо Додситонии кулли Тоҷикистон бипурсанд. Интизор меравад, баъд аз имзои ин санад дар Додситонии кулли Тоҷикистон имкони дарёфти ҷузъиёти он фароҳам мешавад.
Солҳои охир кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бештар талош мекунанд, гумонбарони ҳаракатҳои тундгаро ва ҳаросафкан ба ватанашон истирдод шаванд. Дар ин раванд гоҳе мухолифони сиёсӣ низ бо баҳонаи мубориза бо экстремизм аз Аврупо ба кишварҳое ба мисли Тоҷикистон истирдод мешаванд, ҳарчанд дар он ҷо онҳоро шиканҷа ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.