Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хостаанд, ки ришашро ба тартиб орад." Навори "моҷаро" дар сафорати Тоҷикистон. ВИДЕО


Ҷанҷол дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо ташаббуси кӣ сар зад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав навори дурбинҳои назоратиро дар бораиқазияи Шамил Мустақимзода дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, аммо ба далели набудани садо фаҳмидани асли ҳодиса мушкил аст. Маълум нест, баҳси ду тараф бар сари чӣ сар зада ва сипас ба муштзанӣ кашида шудааст.

Ҳодиса рӯзи 29-уми марти имсол дар дохили бинои сафорат иттифоқ афтод.

Шамил Мустақимзода, шаҳрванди Тоҷикистон, дар як навор иддао кард, ки ӯро барои риш доштан заданд. Як масъули сафорат мегӯяд, танҳо аз ӯ хостаанд, барои гирифтани шиноснома ришашро ба тартиб дарорад.

Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дидан мумкин аст, Шамил Мустақимзода аз утоқи шиносномадиҳӣ берун шуда, пас аз як баҳси кӯтоҳ бо намояндаи сафорат ба муштзанӣ шуруъ мекунад.

То ин дам талошҳо барои пайдо кардани Шамил Мустақимзода бенатиҷа буд. Бар илова, бидуни садо будани навор барои бинанда баҳси аслии қазияро торик гузоштааст.

Рӯзи 5-уми апрел дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, дурбинҳои назоратӣ садоро сабт намекунанд ва амр додаанд, ки "онҳоро иваз кунанд".

Айни замон навор ба чанд масъала рӯшанӣ андохтааст. Аз ҷумла, қаблан масъулони сафорат иддао карда буданд, ки Шамил Мустақимзода дар даст корд ба намояндаи онҳо ҳамла кард, вале дар видео дида мешавад, ӯ корд ё силоҳи дигари сард надорад. Ё ҳадди ақал дар навор дида намешавад.

Чаро муштзанӣ шуд?

Номи Шамил Мустақимзода моҳи ноябри соли 2019 дар амалиёти "Корд" дар сомонаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе зикр шудааст
Номи Шамил Мустақимзода моҳи ноябри соли 2019 дар амалиёти "Корд" дар сомонаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе зикр шудааст

Шамил Мустақимзода дар наворе, ки пас аз чанд лаҳзаи ҳодиса забт шудаву ба Ютуб роҳ ёфта буд, гуфтааст, ӯро барои риш доштан заданд.

Як намояндаи сафорат мегӯяд, "ришмонӣ дар Русия одати маъмулист. Танҳо дар шуъбаи шиносномадиҳии сафорат хостаанд, ки ришашро ба тартиб орад ва ин боис ба хашми ӯ шудаааст."

Муфаттишони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Пресненскии Маскав рӯзи 2-юми апрел хабар доданд, ки алайҳи Шамил Мустақимзода бо иттиҳоми авбошӣ парванда кушоданд. Онҳо дар санаде гуфтанд, Мустақимзода ба корманди сафорат дарафтода, "дар натиҷа дувумӣ дучори зарбаи мағзӣ шудаву лаби поёнии даҳонаш даридааст".

Ду рӯз қабл корманди сафорат аз бемористон мураххас шудааст. Мақомоти умури дохилии Пресненскии Маскав низ Шамил Мустақимзодаро пас аз 500 рубл ҷарима муваққатан раҳо карданд.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони ҷавони гумонбар дар ҳамла ба корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия иттиҳоми мақомотро нисбат ба ӯ “боварнокарданӣ” медонанд.

Ҷунайдулло Ғиёсов, амаки Шамил Мустақимзода, рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бачаи бад набуд. Кори бадашро надидем. Зӯрашон омад ва ба Русия рафтанд, ки зиндагиашонро беҳтар кунанд. Агар касеро ҳам задааст, пас, хеле зӯраш омдаааст, ки чунин кор кунад."

Амалиёти "Корд"; ҳамлаи моҳи сентябр

Номи Шамил Мустақимзода моҳи ноябри соли 2019 дар сомонаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе зикр шудааст. Дар он ҷо навиштаанд, ӯ 28-сола ва аз ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аст ва дар амалиёти шартии “Корд” дастгир шудааст. Ба иттилои расмӣ, аз ӯ корд ёфтаанд.

Бори аввал нест, ки ҳамла ба кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия расонаӣ мешавад.

Моҳи сентябри соли гузашта, ҳангоми қабули аризаҳои шаҳрвандон барои баррасӣ ва шомил кардани онҳо ба рӯйхати талабгорони бозгашт ба ватан, як корманди сафоратро заданд. Дар ин ҳодиса як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон муттаҳам шуд.

XS
SM
MD
LG