Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд роҳгузар дар Душанбе гуфтанд, ки суду зиёни шиносномаи русӣ чист. ВИДЕО


Дар пасманзари аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани баъзе аз тоҷикон ва ихроҷи онҳо ба ватан, мавзӯи то куҷо муҳиму тақдирсоз будани шиносномаҳои он кишвар доғ шудааст.

Иддае санади русиро барои халосӣ аз патенту таъқиби маъмурони пулис ва дарёфти баъзе имтиёзҳо зарур мешуморанд, вале гуруҳе дигар мегӯянд, бо шиносномаи Тоҷикистон низ дар онҷо кору зиндагӣ кардан мумкин аст.

То кунун садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро гирифтаанд. Мақомоти Русия гуфтанд, танҳо дар соли 2020 беш аз 60 ҳазор нафар аз Тоҷикистон шаҳрвандии он кишварр қабул карданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки аз нигоҳи онҳо фоидаву зиёни санадҳои русӣ чист?

Матни ҷавобҳоро дар инҷо хонед:

  • "Гадои ҳамин ҷо бошаму подшоҳи он ҷо – не. Рости гап. Се бор барои кор ба Русия рафтам, фақат фиреб карданд. Ҳеч вақт дар фикри гирифтани ҳуҷҷат набудам."
  • "Мехоҳем, бигирем. Сад дарсад мехоҳем. Нақши бисёр муҳим дорад."
  • "Аз соли 1996 то соли 2001 дар Русия будам, лекин шиносномаи он кишварро гирифтан намехоҳам. Мехоҳам, шаҳрванди Тоҷикистон бимонам. Зарурат набуд. Ҳозир дар нерӯгоҳи "Роғун" кор мекунам, ватани худро обод мекунем."
  • "Бе шиносномаи русӣ мушкил аст. Бояд аз мақомоти интизомӣ гурехту пинҳон шуд. Беҳтар аст, ки дошта бошем."
  • "Ҳар коре, ки мехоҳам, дар ватан карда метавонам. Дар инҷо тамоми тиҷоратҳоро ба роҳ мондан мумкин аст. Одами бокалла дар ҳама ҷо корашро буд мекунад. Санади русӣ зарур нест, ин фикри ман."
  • "Хостам бигирам, вале нашуд. Шиносномаи русӣ мебуд, дар вақти баста будани роҳ наменишастем, ба онҷо мерафтем."

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Назари мардум: Оё мехостед, соҳиби шиносномаи Русия бошед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Навиштани назару пешниҳодҳои худро дар зер фаромӯш накунед.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG