Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои ғарбӣ ба ҳимоят аз Украина садо баланд мекунанд


Сарбози украинӣ ҳангоми гаштзанӣ дар ҷабҳаи аввали муноқиша бо ҷудоиталабон дар Русия. Акс аз 5-уми апрели соли 2021.
Сарбози украинӣ ҳангоми гаштзанӣ дар ҷабҳаи аввали муноқиша бо ҷудоиталабон дар Русия. Акс аз 5-уми апрели соли 2021.

Бо авҷ гирифтани хушунат ва зиёд шудани ҳузури неруҳои Русия дар марзи Украина кишварҳои ғарбӣ ҳарчӣ бештар ҳимояти худро аз Киев эълон мекунанд. Ҷенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфт, ки рӯзи 6-уми апрел ба раиси ҷумҳури Украина занг зада “нигаронии ҷиддиаш аз амалкардҳои низомии Русия дар дохилу атрофи Украина ва нақзи идомадори созиши оташбасро” баён кардааст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ба Столтенберг гуфтааст, ки ягона роҳи хотима додан ба ҷанг дар шарқи Украина ба узвияти НАТО пайвастани ин кишвар аст. Ҳафт сол аст, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина ба зидди неруҳои давлатӣ меҷанганд. Ҷенс Столтенберг дар Твиттер навишт, ки “НАТО аз истиқлол ва тамомияти арзии Украина қотеона ҳимоят мекунад.”

Як сухангӯи раиси ҷумҳури Русия андаке баъдтар аз ин гуфт, ки бад шудани авзоъ дар шарқи Украина “мушкили дохилии Украина аст” ва “Мо бисёр шубҳа дорем, ки ин ба Украина дар ҳалли мушкилоти дохилиаш кумак мекунад, баръакс ба назари мо вазъ фақат бадтар мешавад.”

Рӯзе пештар аз ин Сергей Рябков, муовини вазири хориҷии Русия гуфт, ки мақомоти баландпояи Русияву Амрико вазъ дар ҷанубушарқи Украинаро баррасӣ кардаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико Русияро ба “иғвоангезӣ” муттаҳам кардааст. Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё ва Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳам бо Владимир Зеленский дар ҳафтаҳои гузашта гуфтугӯи телефонӣ доштанд.

XS
SM
MD
LG