Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи пизишкони Русия ба муолиҷаи Навалний даъват кард


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Эътилофи пизишкони Русия хост, Алексей Навалний, сиёсатмадори зиндонӣ, бо "табобати тахассусӣ" фаро гирифта шавад.

Навалний рӯзи 5-уми апрел дар паёме дар Инстаграм аз "сулфаву ҳарорати баланд" шикоят кард ва бемориашро ба табларзаи сабук шабоҳат дод. Вай гуфт, аллакай маҳбуси севумро аз ҳуҷраи ӯ бо гумони гирифторӣ ба сил ба шифохона бурдаанд.

Сергей Рябков, муовини раиси Эътилофи пизишкони Русия, рӯзи 5-уми апрел ба телевизиони "Настоящее время" гуфт, шифохонаи маҳбас "табибони касбӣ" дорад, вале онҳо барои муолиҷаи беморон таҷҳизоти кофӣ надоранд.

"Онҳо Навалнийро дар ҳуҷраи алоҳида ҷобаҷо карданд, зеро дар вай нишонаҳои бемории сироятӣ пайдо шуд. Ин хуб аст, аммо чизе, ки ба ӯ лозим аст, табобати тахассусӣ аст", -- гуфт Рябков.

Алексей Навалний, мунтақиди зиндонии президенти Русия Владимир Путинро дар зиндони рақами 2, сад километр дуртар аз Маскав, нигоҳ медоранд.

Навалний аз он шикоят дорад, ки дар зиндон ба онҳо хӯроки монанд ба гил ва картошкаи яхзада медиҳанд. Вай дар ҳоли ҳозир бо талаби беҳтар кардани шароити нигаҳдорияш гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Иёлоти Муттаҳида ва муттафиқонаш озодии бе қайду шарти Навалнийро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG