Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Бишкек фаъоли маданӣ Тилекмат Худойбергановро аз ҳабс озод накард


Дар Бишкек озодии Тилекмат Худойбергановро талаб доранд. 6-уми апрели 2021
Дар Бишкек озодии Тилекмат Худойбергановро талаб доранд. 6-уми апрели 2021

Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 6-уми апрел ҳукми ҳабси пешакии фаъоли маданӣ Тилекмат Худойбергановро баррасӣ ва ӯро то 15-уми апрел дар ҳабс боқӣ гузошт.

Ба гуфтаи яке аз ширкатдорони ҷаласа, пушти дари додгоҳ тарафдорони фаъоли ҷамъиятӣ ва баъзе аз вакилони порлумон ҷамъ шуданд.

Худойберганов рӯзи 15-уми марти имсол боздошт шуд. Вай ба зидди коркарди кони Жетим-Тоо ва қабули Конститутсияи нав баромад мекард. Пулис гуфт, дар навиштаҳои фаъоли маданӣ нишонаҳои даъват ба ғасби худсаронаи қудрат ва бетартибии оммавӣ ҷо дорад.

Додгоҳи зинаи поёнӣ фаъоли маданиро барои як моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG