Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби нахуствазири Булғористон пирӯз мешавад, вале барои ташкили кабина мубориза идома дорад


Ҳисоби натиҷаҳои интихобот дар Булғористон
Ҳисоби натиҷаҳои интихобот дар Булғористон

Ҳизби марказгарои ГЕРБ-и Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон зоҳиран ғолиби интихоботи 4-уми апрели парлумонӣ мешавад, вале барои ташкили ҳукумат мубориза идома хоҳад ёфт. Ҳисобу китоби 60 дарсади овозҳо субҳи 5-уми апрел баёнгари он аст, ки бо 25,3 дарсади овозҳои ҳисобшуда ГЕРБ пештози интихобот аст. Ба иттилои комиссиюни интихоботҳои Булғористон, ҳизби “Чунин мардуме вуҷуд дорад” 18,5 дарсад ва сотсиалистҳо 15 дарсади овозҳоро бурдаанд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар рӯзҳои наздик маълум мешавад. Интизор меравад, ки ГЕРБ 70 дарсади курсиҳои парлумони иборат аз 240 курсиро ба худ ихтисос медиҳад ва ин чиз ҳақ медиҳад, ки ҳизби Борисов аз паи ташкили ҳукумати нав шавад. Таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки Борисов барои ташкили ҳукумат бо дигар гурӯҳҳои сиёсӣ вориди музокирот мешавад, дар ҳоле, ки бисёриҳо гуфтанд, ки намехоҳанд бо ӯ ҳамкорӣ кунанд. Таҳлилгарон баргузории интихоботи навро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG