Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" имсол ҳам Суперҷоми Тоҷикистонро аз худ кард


Бозӣ рӯзи 3-уми апрел бо ҳузури бештар аз 5 ҳазор мухлиси футбол сурат гирифт.
Бозӣ рӯзи 3-уми апрел бо ҳузури бештар аз 5 ҳазор мухлиси футбол сурат гирифт.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард, бори даҳум Ҷоми олии футболи кишварро ба даст овард.

Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар ва "Равшан"-и Кӯлоб, барандаи Ҷоми миллӣ, рӯзи шанбе, 3-юми апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 5500 тамошобин баргузор шуд. Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон тамошои бозӣ дар майдон бепул буд.

Голҳоро легионери ҳолландии “Истиқлол” Ҳусейн Доған дар дақиқаи 56-ум ва Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 60-ум ба самар расониданд. Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори дувоздаҳум баргузор шуд. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шудаанд:

  • "Истиқлол"-и Душанбе даҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021)
  • “Равшан”-и Кӯлоб як бор (2013)
  • “Ҳосилот”-и Фархор як бор (2017).

Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2021

"Истиқлол" "Равшан" 2:0

Голҳо: Ҳусейн Доған, 56 (1:0), Алишер Ҷалилов, 60 (2:0)

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Манучеҳр Сафаров, Андрей Мишенко, Алексей Ларин, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ваҳдат Ханонов, 83), Аҳтам Назаров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Нуриддин Давронов, Рёта Нома (Шаҳром Сулаймонов, 83), Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 83), Манучеҳр Ҷалилов (Салам Ашурмамадов, 87).

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Сафаралӣ Каримов, Далер Шомуродов, Ҳасан Рустамов, Эффах Кингслей Осей (Зокирҷон Абдулхайров, 73), Холмурод Назаров, Нодирбек Иброҳимов (Шодиҷон Муродов, 62), Бунёд Шодиев (Абдураҳмон Нозимов, 73), Кароматулло Саидов (Амирҷони Фаррухзод, 62), Анвар Муродов (Наврӯз Рустамов, 62), Аваз Қамчинов.

Огоҳонида шуданд: Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов, Ваҳдат Ханонов, Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳусейн Доған («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

3-юми апрел. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ, 5500 тамошобин.

Натиҷаҳои бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):

2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3
2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. "Истиқлол" (Душанбе) – Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021. "Истиқлол" (Душанбе) – “Равшан» (Кӯлоб) – 2:0

XS
SM
MD
LG