Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон: Мавсими нав 4-уми апрел оғоз меёбад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо ширкати даҳ дастаи лигаи олӣ рӯзи якшанбе, 4-уми апрел, шуруъ мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи имсола, ки ҷашнист ва бори 30-юм доир мегардад, аз се марҳила иборат аст ва ҳар даста 27 бозӣ анҷом хоҳад дод.

Рӯзи якшанбе ду бозӣ баргузор мешавад. Дастаи «Файзканд»-и Восеъ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бошгоҳи ССКА-и Душанберо қабул мекунад. Дар ин рӯз дастаи «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо тими «Душанбе» рӯбарӯ мешавад.

Рӯзи душанбе, 5-уми апрел, дастаи ҷадиди лигаи олӣ - «Эсхата»-и Хуҷанд - бо тими «Хатлон»-и Бохтар рақобат хоҳад кард. Ин бозӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», доир мегардад.

Бозии дигари даври аввал рӯзи сешанбе, 6-уми апрел, сурат мегирад. Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бо тими «Равшан»-и Кӯлоб рақобат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки бинобар омодагӣ ва иштироки дастаи«Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 ҳамаи бозиҳои бошгоҳи Душанбе дар ибтидои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба муҳлати дертар гузаронида шуд ва дар рӯзҳои эҳтиётӣ пас аз бозгашти даста аз Арабистони Саудӣ доир мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои 9-ум ва 10-умро мегиранд, дар мавсими соли 2022 ба лигаи аввал мегузаранд. Ғолиб ва барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли оянда дар лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

4-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Файзканд» – ССКА

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

«Хуҷанд» – «Душанбе»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

5-уми апрел (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Эсхата» – «Хатлон»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

6-уми апрел (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Истаравшан» – «Равшан»

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG