Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузориҳо дар Афғонистон 5 нафар кушта шудаанд


Панҷ нафар ҳангоми ҳаракат ба самти ин шаҳр ба ҳалокат расидаанд.
Панҷ нафар ҳангоми ҳаракат ба самти ин шаҳр ба ҳалокат расидаанд.

Дар натиҷаи чанд бомбгузорӣ дар Афғонистон камаш 5 нафар кушта ва 7 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора мақомоти расмӣ рӯзи 2-уми апрел хабар доданд. Умар Звок, сухангӯи вилояти Ҳилманд, гуфт, мошини 5 нафаре, ки кушта шуданд, ҳангоми ҳаракат дар роҳе дар наздикии шаҳри Лашкаргоҳ, маркази маъмурии Ҳилманд, ба бомби канори роҳ бархӯрдааст.

Ӯ афзуд, мумкин аст, шумораи фавтидагон бештар шавад. Дар айни бомбгузории дигар дар шаҳри Ҳирот панҷ зан, ки дар мусофирбари хурде мерафтанд, захмӣ шудаанд. Ҳеч гуруҳе масъулияти бомбгузориро бар уҳда нагирифтааст. Пештар аз ин гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" бо нашри як баёния дар рӯзи 1-уми апрел масъулияти қатли як пулиси занеро бар уҳда гирифт, ки рӯзи 31-уми март кушта шуд.

Дар чанд моҳи гузашта, бо мутаввақиф шудани музокироти Толибону намояндагони ҳукумат дар суиқасду ҳамлаҳо дар Афғонистон чандин сиёсатмадору хабарнигору занони фаъол кушта шуданд. Мақомоти Афғонистону Амрико ҳамлаҳоро кори дасти Толибон медонанд, вале онҳо ин иддаоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG