Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарс ё дурӯғ? Кумитаи андоз дороии мансабдорони тоҷикро ошкор намекунад. ВИДЕО


Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Мансабдорони тоҷик ё хизматчиёни давлатӣ дар бораи дороиҳои худ ба Кумитаи андоз ҳисобот додаанд. Аз ҷумла, мақомдорон маълумот пешниҳод карданд, ки дар соли гузашта чӣ қадар даромад доштанд ва молу мулкашон чӣ миқдор кам ё зиёд шудааст. Вале ин маълумот расман пахш карда намешаванд ва ҷомеа дар бораи дороиҳои мансабдорон намедонанд.

"Посухи ин суол 50 ба 50 аст"

Ёдгор Файзов се соли ахир раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст. Мегӯяд, мисли ҳама мансабдорони дигар дар бораи дороиҳояш ба Кумитаи андоз эъломия пешниҳод кардааст. Файзов дар бораи моликияташ гуфт, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ ва дар деҳа хона ва ҳамчунин як мошин дорад ва ҳамаи онҳоро то таъин шудан ба мақоми раиси вилоят гирифтааст.

Наворро ин ҷо тамошо кунед

Эъломияи мансабдорони тоҷик дастраси умум нахоҳад шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Дар бораи дороии мансабдорон танҳо метавон аз забони худашон фаҳмид. Чун Кумитаи андоз маълумот дар бораи молу мулки мансабдоронро расман нашр намекунад.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ.
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ.

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, пахш шудани маълумот дар бораи дороиҳои мақомдорон пайомадҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дорад.

"Аз як тараф хуб аст, ки бидонанд, кӣ чӣ дорад ва аз куҷо чихел пайдо кардааст, чун масъалаи фасод яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст. Аз ин тараф, масъала хуб аст. Аз тарафи дигар, он қадар кори дуруст ҳам нест, ки бифаҳмем, кӣ чӣ дорад ва чӣ қадар маблағ дорад. Агар ин масъала равад, баъд метавонед ба ҳаёти одам хатарро ҳам биорад. Ин масъалае аст, ки ҷавобаш 50 ба 50 аст",--афзуд Ёдгор Файзов.

"Худо ба ӯ додааст"

Пинҳон мондани дороиҳои мансабдорон аз назари ҷомеа пештар ва имрӯз низ баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст. Дар ҷомеаи Тоҷикистон бархеҳо ба ин мавзуъ бепарвоянд ва мегӯянд, донистани молу мулки мансабдорон барояшон зарурӣ нест. Вале кам нестанд афроде, ки гуфтанд, барои таъмини шаффофият бояд мақомдорон бигӯянд, ки чӣ миқдор даромад ва молу мулк доранд.

Нуралӣ Ҳоҷиев, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, барояш фарқ надорад, ки кадом мансабдор чӣ қадар молу мулк дорад.

Ӯ гуфт: "Дорад, ризқи худаш аст, Худованд худаш додааст. Ман ҳам инро мехоҳам, аммо Худованд ризқи маро ҳамин қадар додааст".

Ба монанди Ҳоҷиев чанд ҳамсуҳбати дигари мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, ки мавзӯи дороиҳои мансабдорон барояшон муҳим нест. Вале афроде ба мисли Лола Раҷабова мегӯянд, дар дигар кишварҳо чӣ қадар дороӣ доштани мансабдорон пахш мешавад ва бояд дар Тоҷикистон низ чунин бошад. Ҳарчанд ба гуфтаи хонум Раҷабова, "дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро фаҳмида наметавонем. Вале бад намешуд агар ҷомеа медонист, ки мансабдор чӣ дорад, дар кадом сатҳ зиндагӣ мекунад".

Як ҳамсуҳбати дигари мо дар Душанбе гуфт, вақте маълумот дар бораи дороиҳои мансабдорон пахш намешавад, "яъне чизеро пинҳон мекунанд".

Вале мақомот чунин назарҳоро рад мекунанд. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, чизеро дар бораи дороиҳояш пинҳон намекунад ва баробари таъин шудан ба ин мақом, ба ҳамкоронаш гуфт, ки чӣ қадар моликият дорад.

"Гуфтам, ки хона, ҳавлӣ ва мошин дорам. Пагоҳ ягон кас нагӯяд, ки аз куҷо пайдо шуд. Агар ҳар кас хоҳад, марҳамат, дар ихтиёр мемонам, рафта ба чашмаш бинад"--афзуд Раҳмонзода.

Оё ҷомеа барои фаҳмидани дороиҳои мансабдорон омода нест?

Мавзӯи дороии мансабдорон ду сол қабл замоне доғ шуд, ки Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонсии хидмати давлатӣ гуфт, "ҷомеа ба қабули он омода нест". Давлатзода масъаларо ба он рабт дод, ки "феълан ҷомеаи Тоҷикистон барои қабули ин омода нест. Вай афзуд, "ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем".

Коршиносон мегӯянд, эҳтимол ходимони давлатӣ аз ифшои дороиҳои худ, ки зоҳиран кам нест ва сарчашмаашро фош кардан намехоҳанд, ҳарос доранд.

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, чаро дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Қирғизистон ҷомеа барои фаҳмидани молу мулки мансабдорон омода асту дар мо не.

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик
Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик

"Сабаби асосӣ дар он аст, ки бисёре аз хидматчиёни давлатӣ фаъолияти соҳибкорӣ низ доранд, шояд ба номашон корхонаҳо ҳам сабт шуда бошад ва дар ин сурат даромади воқеии онҳо аз оне, ки дар эъломияашон меоранд, бисёр фарқ мекунад ва шубҳаовар аст. Аз ин хотир метарсанд. Шояд як сабаби дигараш ин бошад, ки нафароне ҳам ҳастанд, ки дар бораи дороияшон тамоман маълумот пешниҳод намекунанд. Ин чиз дар низоми имрӯзаи Тоҷикистон имконпазир аст",--гуфт ӯ.

​Мақомот дар бораи мавзӯи дороии мансабдорон зиёд суҳбат намекунанд. Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми март барои шарҳи масъала ба Кумитаи андоз дархост фиристод, вале бо гузашти як ҳафта ҳеч посухе дарёфт накард.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор хидматчии давлатӣ кор мекунанд. Ба гуфтаи масъулони Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон, мансабдороне, ки дар эъломия дороиҳои худро пурра нишон намедиҳанд, ҷазои маъмурӣ хоҳанд гирифт ва ҳатто аз мансаб барканор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG