Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Арманистон низоми интихоботро тағйир дод


Парлумони Арманистон
Парлумони Арманистон

Парлумони Арманистон ба қонуни интихоботи кишвар тағйирот ворид кард, вале ба гуфтаи мухолифон, ин тағйирот ба нахуствазир Никол Пашинян имкон медиҳад, ки ба осонӣ дар интихоботи моҳи июн пирӯз шавад. Дар парлумони Арманистон ҳизби “Иқдоми ман”-и Никол Пашинян аксариятро ташкил медиҳад ва бар асоси тағйироти анҷомшуда, ба узвияти парлумон акнун аз ҳисоби рӯйхатҳои ҳизбӣ шомил хоҳанд шуд. То ҳол қонуни интихобот ҳақ медод, ки ба парлумон ҳам намояндагони ҳизбҳо, номзадҳои инфиродӣ, намояндагони гурӯҳу созмонҳои мухталиф шомил шаванд. Ҳамакнун, бар асоси тағйироти 1-уми апрел ҷоришуда узвият дар парлумон бар асоси ҳисоби баробари феҳристи ҳизбӣ имконпазир мешавад. Аз ин тағйирот танҳо аъзои ҳизби ҳоким тарафдорӣ карданд, мухолифон бо он розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG