Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билети Душанбе-Маскав дар билетфурӯшии Агентии алоқаи ҳавоӣ ба роҳ монда шудааст


Аксар муштариҳои билети парвоз ба Русия муҳоҷиронанд, ки ба хотири пайдо кардани кору даромад ба ин кишвар мераванд
Аксар муштариҳои билети парвоз ба Русия муҳоҷиронанд, ки ба хотири пайдо кардани кору даромад ба ин кишвар мераванд

Ширкати "Сомон-эйр" эълон кард, ки субҳи 2-уми апрел фурӯши билетҳо ба самти Душанбе-Маскавро дар билетфурӯшии Агентии алоқаи ҳавоӣ оғоз кардааст. Интизор меравад, ки ҳавопаймои ин ширкат рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда аввалин парвози худро ба ин самт анҷом бидиҳад. Нархи билети парвоз ба Маскав аз Душанбе 349 доллар ва бозгашт 143 доллар таъйин шудааст. Ширкати ҳавоии Utair мегӯяд, парвози ҳавопаймои онҳо аз Душанбе ба Маскав соати 2-и шаби 3-юми апрел ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи 249 билет ба ин павроз ба фурӯш рафтаанд. Сокинон аз нархи тайингардида баландтар фурӯхта шудани билетҳо шикоят мекунанд. Аммо Оҷонсии авиатсия шаҳрвандии Тоҷикистон итминон медиҳад, ки мақомоти масъул ҷараёни фурӯши билетҳо ба ин хатсайрро таҳти назорати ҷиддӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG